Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурд, вале бо таъсири қувваҳои дохиливу хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки ин боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодӣ гашта, аркони давлатдориро фалаҷ гардонид.
Баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва сиёсатмадори дурандеш Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Дар он иҷлосия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, изҳор намуданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат аз сиёсати пешгирифта ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Роҳбарии хирадмандона, дурбинона, самимияти беназири инсонӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва эътиқоди мардуми диёр нисбат ба Пешвои миллат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳо мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат натиҷаи дилхоҳ дод ва ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамон рӯз ҷомаи амал пӯшида, кишварро аз нестӣ ба ҳастӣ овард, маҳз аз баракати сулҳу оштӣ ваҳдат ва якпорчагӣ таъмин гардид. Истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар заминаи ҳамбастагӣ ва бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.
Имрӯз Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳ пайдо кардааст.
Бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он мекунанд, ки бояд ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Мақомоти судии кишвар дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардиданд. Судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот ба миён омаданд. Мақсади асосии судҳои иқтисодӣ устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун мебошад.
Зимни ироаи Паём (22 декабри соли 2017) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам боло бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум пешниҳод карданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаи муассисаҳои таълимии кишвар ворид карда шаванд. Татбиқи ин пешниҳоди муҳим боиси баланд гаштани маърифати ҳуқуқии насли наврас хоҳад гашт. Илова бар ин, маърифати баланди ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз хатарҳои глобалӣ, хусусан, аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ эмин монанд. Зеро пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки маҳз набудани тафаккури солим ва маърифати зарурии ҳуқуқӣ яке аз сабабҳои ба доми чунин гурӯҳҳо афтодани баъзе ҷавонон мегардад.
Татбиқи адолати судӣ низ яке аз василаҳои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, мавҷудияти давлатро наметавон бидуни таъмини адлу адолат, инсоф ва озодиву баробарӣ тасаввур кард.
Имрӯз, ки аз баракати ваҳдати миллӣ ба сӯи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд қадам мезанем, дастовардҳои ин даврон моро водор месозад, ки баҳри риояи дақиқи қонунҳо, таъмини адолати судӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон беш аз пеш кӯшиш намоем.
НУРИДДИНӢ Нурулло Бадалзода,
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон