Ҳунарҳои мардумӣ — дар маркази таваҷҷуҳ

№75 (3869) 19.06.2018

20180429_124924Чанде пеш бо иштироки ҳунармандони ноҳияҳои Фархору Панҷ ҳамоиш таҳти унвони «Ҷилваи ҳунар» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Меҳмонон дар оғоз аз осорхонаи марказии ноҳия дидан намуда, ба урфу одат ва фарҳанги мардуми Фархори бостонӣ, ки таърихи беш 4200 — сола дорад, шинос шуданд. Дар ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5, ки қисмати асосии чорабинӣ он ҷо баргузор гардид, ҳунармандон маҳсули дасти худро, аз қабили маҳсулоти заргарӣ, оҳангарӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ, таббохӣ, чакандӯзӣ, либосҳои занонаю кӯдаконаи абрешимӣ, атласу адрас, тоқию пироҳанҳои чакан, зардӯзӣ, калобаресию қуроқдӯзӣ ба тамошо ва фурӯш гузоштанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард.

Баъдан, дар толори муассисаи таълимӣ қисмати фарҳангӣ идома ёфт.  Дар он зикр гашт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд, ки барои рушди соҳаҳои зикршуда мусоидат менамояд.

Таъкид гашт, ки аз андоз  озод намудани ҳунармандони мардумӣ ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба ҳунарҳои мардумист. Аз ин рӯ, зарур аст ба арзишҳои фарҳангӣ беш аз пеш арҷ гузошта, дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бардош­тани мавқеи ҳунару ҳунарманд дар ҷомеа корҳои назаррас анҷом диҳем.

Қисмати фарҳангии ҳамоиш низ ҷолибу хотирмон сурат гирифт. Сурудҳои ҳофизони фархорию панҷӣ Сиёвуши Мансурзод, Раҷабалӣ Шарифов, Хӯҷа Шарифов, Марям Раҳматова, Назирмад Ҳаётов, Иброни Маҳмад, Қадамшо Шералиев, Маҳмадалӣ Искандаров, Шарифхон Сайдалиев ба иштирокдорон ғизои маънавӣ бахшид. Суханрониву шеърхонии  масъулону эҷодкорон — Ғазалшо Сафарзода, Алиҷон Назаров, Абдулҳамид Маҷидзода, Абдулҳамид Давлатзода, Бобоҷон Қурбонов, Искандар Сафаралиев  ва  Холмаҳмад Ғафурӣ ниҳоят самимӣ буд.

Маврид ба ёдоварист, ки апрели соли равон, ҳамин гуна ҳамоиш дар ноҳияи Панҷ баргузор гардида буд.

Тибқи иттилои расида, гузаронидани чунин ҳамоишҳо дар вилоятҳои Бадахшону Суғд  ва шаҳру ноҳияҳои  тобеи  марказ  низ  дар назар аст.

Маҳмуд МИРЗОЕВ,

омӯзгори МТМУ № 5-и ноҳияи Фархор