Боғпарварони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Файзобод, ки дар ин соҳа таҷрибаи бой андӯхтаанд, ҳар сол бо меваҳои хуштаъму босифат бозори дохилиро таъмин ва боқимондаро ба кишварҳои дуру наздик содирот мекунанд.
Хоҷагии деҳқонии «Файзи Сайдонӣ», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод, дар ин ҷода намунаи ибрат буда, ҳар сол аз 1,4 гектар боғи себ ва 1,5 гектар боғи олу то 14 тонна мева мегиранд.
Аъзои хоҷагӣ, дар баробари ташкили боғҳои интенсивӣ, ки се гектарро дар бар мегирад, ҳамчунин навъҳои беҳтарини ниҳолҳои себу олу, зардолу ва ғайраро аз Украина, Лаҳистон ва Сербия дастрас намуданд, ки айни ҳол онҳо дарахтони бузург шуда, самараи хуб доранд.
Деҳқонони хоҷагӣ бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ усули обдиҳии қатрагиро истифода менамоянд, ки он ба ҳосилбандии бештар мусоидат менамояд.
- Аз масофаи ҳафт километр тавассути қубурҳои полиэтиленӣ аз чашмаҳои кӯҳсор об оварда, дар се обдони калонҳаҷм захира карда, дарахтонро бо усули қатрагӣ об медиҳем, — мегӯяд роҳбари хоҷагӣ Фатҳулло Азизов.
Айни ҳол дар хоҷагӣ панҷ нафар ба боғдорӣ машғул буда, дар мавсими ҳосилғундорӣ шумораи коргарони мавсимӣ то ба 25 нафар хоҳад расид.
Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» заҳматкашони хоҷагӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ сайри боғи намунавиро, ки масоҳаташ се гектар аст, ташкил намуданд, ки ҷолибу диданӣ мебошад. Роҳбарияти он нақша доранд, ки масоҳати боғҳои намунавиро барои сайёҳон бештар намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»