Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав интишор мешавад

№77 (3871) 23.06.2018

DSC_787420 июни соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа)»-маблағгузории иловагӣ

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

4. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»

6. Дар хусуси Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ байни давлатҳои иштирокчии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992

7. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ

8. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба интишор намудани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар таҳрири нав»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

Мансурҷон УМАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ­таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар рафти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон 30-юми ноябри соли 2017 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст. Он ҳадаф, самт, шакл ва механизми ҳамкории давлатҳои ­аъзои СААД-ро ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои давлатҳои аъзои созмон пешбинӣ мекунад.

Тибқи талаботи моддаи 4 созишнома, Тарафҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар самтҳои асосии зерин ҳамкорӣ менамоянд:

дар коркард ва пешбурди заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ, инчунин, мусоидат дар такмили онҳо;

ташаккули механизмҳои амалӣ барои таассуроти якҷоя ба таҳдид­ҳои амнияти иттилоотӣ;

рушди чораҳои зарурӣ оид ба устувор намудани эътимод дар соҳаи амнияти иттилоотӣ;

такмили заминаи технологии таъмини амнияти иттилоотӣ;

фароҳам овардани шароит барои ҳамкории мақомоти салоҳиятдор бо мақсади татбиқи созишномаи мазкур.

Тибқи моддаи 16-уми созишнома, он баъди гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо мекунад.

Лоиҳаи қарор ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади созишномаи мазкурро нигоҳ доштани сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти иттилоотӣ, кӯшиш намудан ҷиҳати мамониат кардан ба истифодаи технологияҳо ва захираҳои иттилоотӣ барои ноором кардани вазъият дар давлатҳои аъзои созмони номбурда баҳри зиён овардан ба амнияти сохторҳои муҳим, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкориҳои Тарафҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва зарурияти фароҳам овардани шароит барои татбиқи минбаъдаи чорабиниҳои муштараки амалии ба такмили низоми амнияти иттилоотӣ равонашуда, ташкил медиҳад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа)»-маблағгузории иловагӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» — маблағгузории иловагӣ таҷдид ва азнавсозии роҳи ­автомобилгардро аз шаҳри Душанбе то шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба масофаи 73,2 км дар бар мегирад.

Бо мақсади самаранок истифода намудани муҳлати татбиқи лоиҳа ва дарёфти сарчашмаи муносиби маблағгузорӣ, татбиқи лоиҳа ба ду марҳила ҷудо карда шуд. Барои татбиқи марҳилаи якуми лоиҳа, ки 33,2 км роҳи мазкурро дар бар мегирад, 96,4 млн. доллари ИМА ҷудо шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳа 30 апрели соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаи маблағгузории иловагӣ (грантӣ) ба маблағи 90,0 млн.долл. ИМА ба имзо расид, ки 40 км роҳро аз деҳаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар, бо сохтмони як пул аз болои дарёи Вахш дар бар мегирад.

Роҳи лоиҳавӣ дорои нишондиҳандаҳои зерини техникӣ мебошад:

- дарозии умумии роҳ – 39,6 км, тибқи категорияи 1 Б-и техникӣ (ҳудуди ноҳияи Хуросон);

- пулҳо – 9 адад, аз ҷумла як пули калон бо дарозии 330 метр аз болои дарёи Вахш;

- чорсӯ ва гардишҳо – 14 адад;

- шумораи хати ҳаракат – 4 адад;

- паҳноии қисмати роҳ – аз 23 то 36 метр;

- ғафсии асфалт:

қабати поёнӣ – 6 см.

қабати болоӣ – 5,5 см.

- шумораи истгоҳ ва павилиёнҳо – 18 адад;

- гузаргоҳи чорвогузар – 8 адад;

- гузаргоҳи пиёдагузар – 3 адад (як адад рӯизаминӣ, ду адад зеризаминӣ);

- шумораи қубурҳои обгузар – 46 адад.

Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз ёфта, то моҳи марти соли 2023 идома меёбад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмин намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои интихобшудаи роҳравҳои (коридорҳои) 2, 5 ва 6-и Барномаи ҲИМОМ (Ҳамкории иқтисодӣ — минтақавии Осиёи Марказӣ) мебошад, ки шаҳри Душанберо бо вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин бо кишварҳои ҳаммарз — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайвандад.

Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба ҷаласа сармуҳандиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холбой Саид­зода даъват шудаанд.

Муҳтарам Саидзода, кор дар ин самт чӣ гуна ҷараён дорад?

Холбой САИДЗОДА: — Кор дар марҳилаи якум соли гузашта оғоз ёфта, ҳоло давом дорад. То имрӯз ба маблағи 9,5 миллион доллар корҳо анҷом ёфтанд. То қарибии деҳаи Чашмасорон таҳкурсӣ хобонида шуда, омодагӣ ба мумфарш кардани қабати якуми роҳ идома дорад. Марҳилаи дуюм аз деҳаи Чашмасорон то кӯпруки Қизилқалъа­ро фаро мегирад.

Маблағҳои ҷалбшуда барои бунёди роҳ кифоя аст.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» — маблағгузории иловагӣ» 30 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои интихобшудаи роҳравҳои 2,5 ва 6 мебошад.

Дар маҷмӯъ, лоиҳа рушди роҳравҳои нақлиёт ва сода намудани тартиби тиҷорат дар минтақаҳои роҳравҳои 2,5 ва 6-ро дастгирӣ менамояд. Таъсири лоиҳа барои суръат бахшидан ба рушди савдо дар минтақаҳои роҳравҳои 2,5 ва 6 мусбат хоҳад буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо тасдиқ намудани Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» — маблағгузории иловагӣ»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 12 июни соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи грантии мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа)»-маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 9 декабри соли 2017, №571 маъқул дониста, баъдан дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 10 декабри соли 2017 ба имзо расонида шудааст. Мақсад аз он бартараф намудани андозбандии дукарата нисбат ба резидентҳои ду давлати аҳдкунанда, афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ, фарҳангӣ, фазои сармоягузорӣ ва таъсисёбии корхонаҳои нав байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, дар доираи созишномаи мазкур масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, ба танзим дароварда мешавад. Муқаррароти лоиҳаи созишномаи мазкур дар доираи талаботи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (ОЕСD) дар таҳрири нав, ки соли 2012 нашр шудааст, таҳия гардида, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» мувофиқ мебошад.

Созишномаи мазкур аз пешгуфтор ва 30 модда иборат буда, ҳар як моддаи он бо бахш ва самтҳои махсус унвонгузорӣ шуда, андозҳо аз даромад ва сармояро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии давлатҳои Аҳдкунанда, сарфи назар аз шакли ситонидани он, татбиқ менамояд. Мутаассифона, то ба имрӯз нишондодҳои марбут ба мубодилаи мол, муносибатҳои содиротиву воридотии байни ду кишвар дар муқоиса ба имконоти мавҷудаи ҳар ду ҷониб дар сатҳи паст қарор доранд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 45,6 ҳазор доллари ИМА, аз ҷумла содирот — 20,8 ва воридот — 24,8 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои паст будани гардиши мол, кор, хизматрасонӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун набудани созишномаи мазкур мебошад. Дар асоси таҳлилҳои гузаронида, дар давлатҳое, ки созишнома оид ба канорагирӣ аз адозбандии дукарата вуҷуд дорад, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ба назар мерасад.

Қобили тазаккур аст, ки Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар бахши илмиву технологӣ ва тиббу дорусозӣ дар миёни кишварҳои исломӣ пешсаф мебошад. Бо дарназардошти корозмудагии ҷониби Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар технологияи иттилоотӣ, таълими тиббӣ ва саноати дорусозӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар доираи он масъалаи бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор, ба танзим дароварда мешавад. Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дода мешавад.

УМАРЗОДА Саида Ғайрат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» 6 марти соли 2018 ба имзо расидааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузории он 1,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, тавассути 50 фоиз қарз ва 50 фоиз грант анҷом дода мешавад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 24 моҳ муқаррар шудааст.

Ҳадафи лоиҳа таҳким додани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ҷорӣ намудани низоми нави расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тавассути автоматикунонии раванди муайянсозии талабот ба чунин кумакҳо, ташаккул додани махзани иттилоотӣ оид ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ дар Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти компютерӣ ва воситаҳои техникӣ, пайвасткунӣ ба шабакаи интернет, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии кормандон маҳсуб меёбанд.

Бо дарназардошти зарурияти тасдиқ намудани созишномаи мазкур қайд менамоям, ки дар солҳои 2011-2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани механизми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ду лоиҳаи грантиро дар ҳаҷми умумии баробар ба 5 миллион доллари ИМА амалӣ намуд. Дар натиҷаи ҳамкории судманд механизми мазкур айни замон дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ гардида, то 1 июни соли ҷорӣ 91615 хонаводаи камбизоат, ки ҳайати умумии аъзои оилаи онҳо 552 ҳазор нафарро ташкил мекунад, аз кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ бархӯрдор гаштаанд. Қайд намудан зарур аст, ки механизми мазкур бар ивази ду механизми қаблӣ: кумакпулӣ барои мактаббачаҳои оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷорӣ шудааст.

Таҷрибаи озмоиши низоми таҷрибавӣ собит намуд, ки он аз афзалиятҳои зерин бархӯрдор мебошад:

1. Вазъи некуаҳволии хонавода ё оила барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар асоси индикаторҳои молумулкӣ ва демографии оила бо усули арзёбии ғайримус­тақими эҳтиёҷмандӣ муайян карда мешавад.

Бо механизми қаблӣ бошад, индикаторҳои муайянкунанда даромаднокии аъзои оила маҳсуб меёфт, ки на дар ҳама ҳолат дуруст ва пурра нишон дода мешуд.

2. Тибқи қоидаҳои нав, ташвишҳои шаҳрвандон барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои гуногун комилан коҳиш ёфта, вазъи некуаҳволии хонавода ё оила барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ танҳо бо пешниҳоди ду ҳуҷҷати шакли махсус: маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот оид ба молу амволи аъзои оила баҳогузорӣ мешавад.

3. Баҳогузории вазъи некуаҳволии хонавода барои таъин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ тавассути барномаи махсуси электронӣ бо истифодаи системаи холгузорӣ ба роҳ монда шудааст, ки он шаффофият ва дахлнопазирии қабули қарорро таъмин менамояд.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат Созишномаи молиявии ҷалби маблағгузории иловагиро бо Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 1,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида, тасмим гирифтааст, ки дар доираи он корҳои зеринро анҷом диҳад:

1) Механизми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоиро барои 28 шаҳру ноҳияи боқимонда, маҷмӯан, дар ҷумҳурӣ, дар нимсолаи дуюми соли 2018 ҷорӣ намояд. Айни замон, лоиҳаи дахлдор оид ба масъалаи мазкур дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

2) Махзани электронии маълумот оид ба маъюбонро дар Феҳристи иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ таъсис намояд.

3) Таҳияи усулҳои пешкаш намудани хизматрасониҳои давлатӣ ҷиҳати гузариш аз ҳомилҳои коғазӣ ба низоми бақайдгирии мутамаркази электрониро барои барномаҳои мухталифи кумакпулиҳо ва хизмат­расониҳои иҷтимоӣ анҷом диҳад.

Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои зикргардида дар доираи созишномаи молиявӣ чорабиниҳои банақшагирифта, ба монанди харидорӣ намудани таҷҳизоту барномаҳои компютерӣ, мебел, пайвасткунӣ ба шабакаи интернет, баргузории курсҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳа ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нашр ва дастрас намудани варақаҳои зарурии алоқаманд ба кумакпулӣ, маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ ва ғайра бояд роҳандозӣ карда шаванд.

Тибқи шартҳои созишномаи молиявӣ лоиҳа тавассути Гурӯҳи ҳамоҳангсозии назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳоди мазкурро баррасӣ намуда, бо дарназардошти зарурати идома бахшидани механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакҳои иҷтимоии унвонӣ дар 28 шаҳру ноҳияи боқимонда, таъсис додани махзани иттилоотии маълумот оид ба маъюбон ва таҳким додани неруи кории зерсохтори вазорат- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Масъалаи мазкур, бешубҳа, хеле муҳим буда, асос­ноккунии возеҳу равшанро тақозо менамояд. Ин кор хеле пештар шурӯъ шуда, проблемаҳо ниҳоят зиёд буданд. Қабл аз ҳама ҷомеаро омода кардан зарур буд, зеро муайян кардани ҳуқуқ барои гирифтани кумакпулӣ аз зумраи масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт. Яъне, меъёрҳо ва критерияҳоеро муайян кардан лозим меомад, ки боиси пайдо шудани ҳар гуна шубҳаву пурсишҳо нагардад. Аниқ муайян шавад, ки кадом оила камбизоат аст ва ба гирифтани кумакпулӣ ниёз дорад.

Кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд, то ин ки кумакпулиҳо унвонӣ бошанд. Солҳои пеш кумакпулиро барои истифодаи барқу газ медоданд. Масалан, барои истифодаи барқ моҳе ба оилаи камбизоат 15 сомонӣ кумакпулӣ дода мешуд. Акнун тасаввур намоед, ки як нафар барои гирифтани ин миқдор маблағ аз деҳае, ки то маркази ноҳия 50 км масофа дорад, барои рафта омадан беш аз 30 сомонӣ роҳкиро хароҷот мекард. Аксаран, бинобар дурии роҳ ё сабаби дигар ин маблағро намегирифтанд. Ҳамчунин буданд масъулоне, ки ин маблағҳоро бо салоҳдиди худ истифода мебурданд.

Биноан, он вақт пешниҳодҳое шуданд, ки маблағҳо ҷамъ шаванд ва давоми сол як-ду маротиба пардохт гарданд.

Тартиби муайян кардани оилаҳои камбизоат ҳоло бояд мушаххас бошад. Дар ҳамон деҳа ё маҳалла донанд, ки ин ё он оила чаро камбизоат ҳисоб мешавад: даромади доимӣ надорад, дар оила шахсе нест, ки кори доимӣ дошта бошад, чорво надорад, дар хонааш шахси маъюб зиндагӣ мекунад, нафақааш барои зиндагӣ намерасад ва ғайра.

Ба ҷаласа ҳамоҳангсози лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамшед Каримов даъват шудаанд.

Муҳтарам Каримов, шумо дар ин хусус чӣ гуфтан мехоҳед?

Ҷамшед КАРИМОВ: — Ин ҷо сухан асосан дар бораи шумораи индикаторҳои муайянкунандаи сатҳи камбизоатӣ меравад. Дар 28 шаҳру ноҳияи боқимонда мо бо дарназардошти шумораи индикаторҳое, ки давоми солҳои охир ду маротиба таҷдиди назар шуданд, сатҳи камбизоатиро муайян хоҳем кард. Ин нишондиҳандаҳои индикаторӣ аз 32 ба 45 расонида шудаанд. Аз 45 индикатор, агар як қисми он сатҳи нодории оиларо муайян созад, қисми дигараш дараҷаи дороии он хонаводаро дақиқ менамояд.

Бо ин мақсад кор аз кумитаҳои маҳал шурӯъ мешавад. Яъне, мардум ба кумитаҳои маҳал муроҷиат мекунанд. Ҳуҷҷатҳои омоданамудаи кумитаи маҳалла дар бораи хонаводаи камбизоат ба ҷамоати шаҳраку деҳот пешниҳод мешаванд. Он ҷо ҳуҷҷатҳо бори дигар санҷида мешаванд. Ҳамин тариқ, кор дар ин самт ҷиддӣ пеш гирифта шудааст. Давоми ҳафт соле, ки самти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ пеш гирифта шудааст, мо сатҳи даромади молумулкии шаҳрвандонро ба ҳисоб мегирем.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикргардидаро дар ҷаласаи васеъ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуд.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки созишномаи зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом дода мешавад.

ИКРОМӢ Сироҷиддин Салом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар робита ва алоқамандӣ ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шудааст.

Онҳо бо дарназардошти тавсияҳои мушовирони байналмилалии Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳия гардида, иҷрои муқаррароти Матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маблағгузории сиёсати рушд таъмин намуда, ҳамчунин қонуни амалкунанда «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро такмил ва ба қонунгузории ҷорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ менамоянд.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади дастгирии ташкилоти қарзӣ дар вазъи буҳрони молиявӣ дарҷ гардидаанд, дар бар мегирад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳалли масъалаҳои зерин равона шудааст:

- иштироки Хазина дар солимгардонии (таҷдиди сохтори) ташкилоти қарзӣ (моддаи 6);

- маблағгузорӣ ба бонки мутавассит аз ҷониби Хазина (моддаи 101);

- кам намудани пардохтҳои тақвимӣ барои ташкилоти қарзӣ (моддаи 16);

- бо мақсади баланд бардоштани эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷиҳати ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ бо пули миллӣ ва афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт андозаи ҷубронпулии пасандозҳо бо пули миллӣ зиёд гардида, тартиби пардохти онҳо мушаххас карда шудааст (моддаи 22). Тибқи тағйироти мазкур, андозаи ҷубронпулӣ бо пули миллӣ аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 500 нишондиҳанда баланд бардошта, андозаи он аз 17 500 сомонӣ ба 25 000 сомонӣ зиёд карда шуд;

- ҳолатҳои ҷуброн накардани пасандозҳои шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ (моддаи 24);

- талаботи санҷиши хароҷоти камтарин барои Хазина ҳангоми таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ (моддаи 311);

- интиқоли пасандозҳои суғурташудаи ташкилоти қарзии таҳти таҷдиди сохтор қарордошта ба дигар ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бонки мутавассит (моддаи 25);

- тартиби муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзии таҳти батанзимдарорӣ қарордошта (моддаи 35);

- ҳимояи ҳуқуқии кормандон ва намояндагони Хазина ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ (моддаи 391);

- мубодилаи маълумоти зарурӣ бо ташкилоти хориҷии суғуртаи пасандозҳо ё бо дигар мақомоти ватаниву хориҷӣ (моддаи 42);

- аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хазина (моддаи 44);

- масъалаҳои умумии ҷавобгарии Хазина (кормандон ва намояндагони қонунии он), кафолатҳои умумии ҷавобгарии он ва мавриди баҳс қарор додани қарорҳои он (моддаи 45).

Бояд тазаккур дод, ки тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, таҷрибаи дастгирии молиявии бонкҳои низомсоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷойдоштаи он мукаммал карда мешаванд.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2018, № 1777 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин 20 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита (12 июни соли 2018) лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз 20 таклифи пешниҳодшуда 11-тоаш қабул гардид.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ байни давлатҳои иштирокчии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникӣ байни давлатҳои иштирокчиёни Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992» аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД 30 ноябри соли 2017 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст.

Протоколи мазкур аз дебоча ва 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он, ба моддаи 2-юми созишнома сархатҳои нав илова карда шуд.

Меъёрҳои иловагардида тартиби муқаррар намудани арзиши маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ барои эҳтиёҷоти қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, дигар қӯшунҳо, ҷузъу томҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро пешбинӣ менамояд.

Ҳамроҳ шудан ба Прокотоли номбурда ва дар ин бобат қабул кардани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, татбиқи он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, инчунин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи протоколи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ байни давлатҳои иштирокчии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади протоколи мазкур ба зарурати такмилдиҳии механизми амалигардонии Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ байни давлатҳои иштирокчии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 равона шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 18 июни соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Протоколи зикр­гардида аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ байни давлатҳои иштирокчии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидзода Зоҳир Озод дода мешавад.

САЙИДЗОДА Зоҳир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ 10 декабри соли 2017 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур тибқи моддаи 11-уми он аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ роҷеъ ба анҷом додани расмиёти дохилидавлатии ҳар ду ҷониб мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Созишномаи мазкур баҳри сода намудани низоми сафари хизматии дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, тибқи муқаррароти моддаи 2-юми он, дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ аз ҷониби Тоҷикис­тон ва Урдун аз талаботи раводиди вуруд, хуруҷ ва транзит ба муҳлати то 90 рӯз озод мебошанд.

Созишнома аз 12 модда иборат буда, масъалаҳои зеринро ба танзим медарорад:

1) навъи шиносномаҳои амалкунанда тибқи муқаррароти созишнома;

2) шахсоне, ки аз гирифтани раводид ба муддати на зиёдтар аз 90 рӯз озод мебошанд;

3) иқомати бераводиди кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва ё шахсоне, ки дар созмонҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Тарафҳо қарор дошта, фаъолият мекунанд, инчунин аъзои оилаи онҳо;

4) гузаргоҳҳо барои убури сарҳад;

5) ҳуқуқи Тарафҳо барои қатъ намудани будубоши шаҳрвандони ҷонибҳо бо сабабҳои амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатии аҳолӣ;

6) риояи қонунҳои амалкунандаи Тарафҳо аз ҷониби шаҳрвандони ҳар ду кишвар;

7) ҳуқуқи Тарафҳо барои муваққатан боздоштани муқаррароти созишнома бо сабабҳои амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатии аҳолӣ;

8) мубодилаи намунаи шиносномаҳои дипломатӣ байни мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар;

9) ҳалли масъалаҳои ихтилофдошта;

10) тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба созишномаи зикршуда.

Созишномаи мазкур барои ба сатҳи ҷавобгӯй баровардани равобити дуҷониба, васеъ кардани заминаи ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат намуда, муқаррароти он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб намекунад ва дар доираи он ҷониби мо уҳдадории молиявӣ ба зимма нагирифтааст ва инчунин санади мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ пешбинӣ наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2018, № 1815 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд. Сенздаҳуми июни соли 2018 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба интишор намудани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

 РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1994 қабул гардида, ба он бо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 834 аз 3 сентябри соли 1999 ва № 140 аз 28 декабри соли 2005 дар маҷмӯъ, 30 тағйиру илова, аз ҷумла ду модда ва ду қисми нав ворид карда шуд.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама моддаи қонуни конститутсионӣ, ба истиснои моддаи 37, тағйиру иловаҳои зарурӣ, аз ҷумла се модда, чор қисм ва ҳафт сархати нав илова, матни як модда, 15 қисм, инчунин як банди модда ва як ҷумла дар таҳрири нав ифода карда шуд. Дар қонун маҷмӯан 25 истилоҳоти ҳуқуқӣ дар зиёда аз 100 ҳолат пурра иваз карда шуд. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» соли 1999 баъд аз ислоҳоти конститутсионӣ ва таъсиси Парламенти касбӣ қабул гардида, ба он панҷ маротиба (солҳои 2004, 2007, 2008, 2012 ва 2014) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Илова бар ин, соли 2017 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли ҷорӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 59 моддаи қонуни амалкунанда ба 47 моддаи он тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, дар он як модда дар таҳрири нав, панҷ қисм, шаш банд ва чор сархати нав илова гардида, шаш қисм, ду банд ва ду сархат дар таҳрири нав ифода ва 19 ислоҳоти имлоӣ ворид гардид.

Мутобиқи қисми нуҳуми моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дар сурати якчанд маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки онро душворфаҳм мегардонанд, мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул ё тасдиқ намудааст, метавонад онро бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида ва воридшаванда дар таҳрири нав қабул ё тасдиқ намояд.

Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 72 қонуни номбурда санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, истифодабарии онро душвор мегардонад, бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади мазкурро қабул кардааст, метавонад дар нашрияи расмӣ бо дарназардошти тағйиру иловаҳо, дар таҳрири нав интишор шавад.

Бо назардошти ин, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2017 ҷиҳати дар таҳрири нав омода ва интишор намудани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Вазорати адлия ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ вазифадор шуд, ки лоиҳаҳои омодагардидаи қонунҳои конститутсиониро ҷиҳати интишор намудан дар таҳрири нав барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд. Дар ин давра ҳафт ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардида, бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида, таҳрири нави қонунҳои конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода, барои интишор омода шуд.

Лоиҳаҳои омодагардида 18 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва бо қарори Шӯро ба иҷлосия пешниҳод гардиданд.

Бо дарназардошти ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки пешниҳодро барои дар таҳрири нав интишор намудани қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба интишор намудани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Тоҷикистон, инчунин бартараф сохтани мухолифати байни меъёрҳои қонуни мазкур ва муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич ва Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2017, №1489 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил 47 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 28 таклиф пурра ва ҳафт таклиф қисман қабул гардид.

Зимнан, бо дарназардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 таҳти №278 ва пешниҳоди кумитаи масъул бо дарназардошти бартарафсозии номутобиқатии меъёрҳои дар лоиҳа пешниҳодгардида ва мутобиқгардонии он ба матни қонуни амалкунанда чор қисми лоиҳа хориҷ ва ҳашт қисми дигар таҳрир шуд.

18 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклиф доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардид, ки он пурра ба инобат гирифта, тибқи он, лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонуни зикргардидаро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова, Равшан Раҷабов, Аҳмадҷон Қобилов ва Ҳокимҷон Холиқов пешниҳод шудааст.

Мақсад мутобиқгардонӣ ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, он хусусияти таҳрирӣ, мутобиқгардониву истифодаи мафҳумҳои ягона дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад ва инчунин, мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳидаро дар бар мегирад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 26, 28, 48, 124, 136, 138, 139, 140, 141, 143, 148 пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, ба сархати якуми моддаи 28 пас аз калимаҳои «шахсони мансабдор» илова намудани калимаҳои «инчунин иҷрочии суд» пешниҳод мегардад, ки ин ҳолат мазмуни моддаро пурра менамояд, зеро шикоят намудан нисбат ба амал (беамалии) иҷрочии суд ва баррасии он марбут ба баҳсҳои иқтисодӣ ба судҳои иқтисодӣ тобеияти идоравӣ доранд.

Иловаи ба моддаи 48 пешниҳодгардида ба муҳлати баррасии парванда рабт дошта, дар сурати дар мурофиаи судӣ тағйир додани асос ё предмети даъво ҳисоб намудани муҳлати баррасии парванда аз лаҳзаи пешниҳоди аризаи дахлдор ба ҳисоб гирифта мешавад.

Иловаи сархати нуҳуми моддаи 124 бо мақсади андешидани тадбирҳо бобати ба иҷрорасонии санадҳои судӣ пешниҳод гардидааст.

Дар иловаҳои ба моддаи 138, 139 ва 140 пешниҳодгардида ҳуқуқи тарафҳо дар муҳокимаи судӣ вобаста ба бастани созиши оштии тарафҳо, шартҳои он, оқибатҳои ҳуқуқӣ доир ба баҳси судӣ, вазифаҳои суд ва иҷрои шартҳои созиши оштӣ дар назар дошта шудааст. Тағйире, ки ба қисми 8 моддаи 140 ворид карда мешавад, ба муҳлати овардани шикояти кассатсионӣ дахл дошта, мувофиқи он, муҳлати семоҳа ба як моҳ иваз карда мешавад. Мақсад аз тағйироти пешниҳодшуда дар он аст, ки созиши оштии тарафҳои баҳси иқтисодӣ ҳар чӣ зудтар ба иҷро расад.

Иловаи сархати чоруми моддаи 143 пурра намудани мазмуни меъёрро доир ба боздоштани истеҳсолоти парванда ҳангоми гирифтори беморие, ки иштироки шахс бинобар вазъи саломатӣ дар баррасии парванда ғайриимкон мебошад, фаро мегирад.

Иловаи моддаи 148 ба таъинот оид ба бе баррасӣ монондани парванда бинобар ҳозир нашудани тараф ба мурофиаи судӣ алоқаманд буда, ҳуқуқи судро ҷиҳати бекор намудани таъинот дар сурати мавҷуд будани далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба мурофиаи судӣ тақвият бахшида, меъёри мазкур бо нияти сода гардонидани мурофиаи судӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин, дар лоиҳа иваз намудани калимаҳои «идории», «созишномаи», «мекушояд», «оштишавии» мутаносибан ба калимаҳои «идоравии», «созиши», «оғоз менамояд», «созиши оштии» пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1586 аз 19 феврали соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмил 33 таклифу пешниҳод манзур шуда, 25-тои он ворид гардид.

Кумитаи масъул 13 июни соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаб­бор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ­ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ