Қонун ва иҷрои он

«Хешутабориро яктарафааш хуб аст», — гуфтаанд ниёгон

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

19292974_404Солҳои охир дар кишвар шумораи таваллуди тифлони дорои нуқси модарзодӣ зиёд гардидааст. Миёни мардум садоҳое баланд аст, ки сабаб­гор гӯё падарони дар муҳоҷиратбудаи онҳо бошанд. Қисмати дигар инро аз тақдир медонанд.

Вале воқеият ин аст, ки аксар  кӯдакони маъюб дар оилаҳое ба дунё омадаанд, ки зану шавҳар пайванди хешутаборӣ доранд. Никоҳи писари амак бо духтари амма, писари хола бо духтари хола, духтари тағо бо писари амма ва монанд ба ин. Эътироф бояд кард, ки то кунун ба аҳли ҷомеа таъсири манфии никоҳ байни хешутабори наздик дуруст фаҳмонида нашудааст. Ҳол он ки гузаштагон паёмади никоҳи хешовандони наздик­ро кайҳо дарк карда, беҳуда нагуфта  буданд: «хешутабориро яктарафааш хуб аст».

Дар ҷомеа иддае ба он назаранд, ки бастани ақди никоҳ миёни хешу табори наздик таъсири манфӣ надорад.

Мутахассисони тиб дар заминаи далелу  рақамҳои  асоснок мегӯянд, ки таваллуди фарзандони солим миёни хешу табор аҳён-аҳён ба назар мерасад ва он аз гемоглобин ва дигар функсияҳои табодулотӣ  вобаста аст. Исбот шудааст, ки шумораи зиёди кӯдакони маъюб аз оилаҳое мебошанд, ки волидайнашон бо ҳам хешу таборанд. Тасдиқи ин гуфтаро метавон аз Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакони маъюб, ки дар деҳаи «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, пайдо намуд.

Бастани ақди никоҳ миёни намояндаи як авлод дар баъзе маврид ба тавлиди фарзанди носолим ва аз ҷониби дигар, ба вайрон гардидани муносибат боис мешавад. Онҳое, ки бо ҳам хешутаборӣ доранд, ҳангоми нофаҳмӣ ва хархашаҳои оилавӣ сабру таҳаммулро пеша менамоянд.

Мушкилии дигаре, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ҷудошавӣ миёни оилаҳои наздик ба ҳисоб меравад. Вақте фарзанди носолим ба дунё омад, дар оила нобасомониву сардӣ ҳукмрон мегардад. Шавҳар  ва зан ҳамдигарро гунаҳгор карда, айб меҷӯянд. Ин ҳолат охируламр ба ҷудошавӣ мерасонад. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки баъди он ки зан бо фарзандони ноболиғ ба хонаи падар рафт, маҷбур мешавад барои пеш бурдани зиндагӣ ба ҳар гуна амалҳои ношоиста, аз ҷумла беҷогардӣ, даст занад.

Тарбияи кӯдак чӣ гуна сурат мегирад ва ояндааш чӣ мешавад, суолҳоеанд, ки ҷавоб  мехоҳанд.

Дар робита ба ҳолати мавҷуда аз ҷониби Парламенти кишвар ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 14 ва 15) тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, муоина  ва ташхиси пешазникоҳӣ  ҳатмӣ буда, бастани ақди никоҳ миёни хешу табори наздик қатъиян манъ аст.

Дар моддаи 14 кодекс ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд, чунин бозгӯйӣ шудаанд:

- байни хешовандони наздик (падар ё модар  бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ)

- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);

- байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;

- байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;

- байни шахсоне, ки аз як зан  шир макидаанд;

- байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд;

- байни фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;

- байни шахсоне, ки суд  яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;

- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 15 кодекси мазкур, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони  хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида  мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло мебояд муқаррароти  ҷадиди қонунгузориро  риоя намоем, то дар оянда пушаймон нашавем, зеро пушаймонӣ суд надорад.

Шарофат ВАСИХОВА,

мутахассиси Бахши сабти асноди

ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор