Дар бораи дурӯягӣ ва мунофиқию дасисакорӣ бузургону донишмандон асарҳои зиёде эҷод кардаанд. Одатан дар миёни мардум зери мафҳуми одами дурӯя — маккор, ҳилагар, дасисакор шахсеро мегӯянд, ки симои аслии худро зери ниқоб пинҳон намудааст. Уилям Шекспир, адиби машҳури англис, дар робита ба чунин шахсон гуфтааст, ки чеҳраи инсони дурӯя дили пурҳасодату зишти ӯро пинҳон мекунад. Чунин ашхос дар калом дигар ҳарфу дар дил дигар андеша ва дар рафторашон умуман чизи ғайр ба мушоҳида мерасад.
Ҳар як инсон, новобаста аз ҷойгоҳу мартаба ва сатҳи зиндагӣ, дар ҷомеа бо шахсони дурӯяву маккор, суханпардозу дасисакор дучор мешавад. Баъзе аз чунин шахсон худро зуд фош месозанд, чеҳраи аслияшонро ба намоиш мегузоранд. Гурӯҳи дигарро бошанд, пайхас кардан чандон кори осон нест. Барои якрӯ будани онҳоро донистан месазад гуфтор ва рафторашонро омӯхт, таҳлил намуд.
Аз нуктаи назари илми равоншиносӣ одатан чунин инсонҳо аз сабаби нобоварӣ ба худ, вобаста будан ба андешаву назари дигарон, наметавонанд озодона, якрӯ ва якмаром фикру андеша иброз намоянд. Дар бештар ҳолат тарс аз нокомӣ ба ин роҳ инсонро тела медиҳад. Тибқи таҳлилҳои психологи машҳур Зигмунд Фрейд, одатан ин намуди тарс аз хурдӣ дар вуҷуди инсон ҷой мешавад. Тарзи дурусти зиндагӣ карданро барои мо оила, муҳит ва ашхоси наздик меомӯзонанд. Агар дар хислату хӯйи инсон қуввату ирода, ҳавасмандӣ, умед ба ояндаи нек бо бемуваффақиятӣ, нобарорӣ, нокомӣ дучор гардад, пас зарур мешуморад, ки ба хотири пайдо кардани мавқеъ ва ҷойгоҳ дар ҷомеа даст ба ҳар кор занад, чеҳраи аслиро як сӯ гузошта, аз худ нафари дигар сохтанӣ шавад.
Чунин инсонҳоро метавон дурӯя номид, зеро онҳо наметавонанд бо чеҳраи аслӣ миёни мардум шуҳрат пайдо намоянд, обрӯ дошта бошанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, вобаста ба ин масъала гуфтааст, ки бадтарин шахс сифла, яъне каси бадгавҳари мунофиқ, дурӯя ва бадкирдор аст. Шоир ин қабил одамро ба мор ташбеҳ медиҳад ва ислоҳнопазир мешуморад:
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад бехилоф,
Ҷаҳд кун, то рӯи сифла нангарӣ.
Оре, инсони дурӯя аст, ки нақши асосиро дар фитнаангезӣ бозӣ мекунад. Назди дӯсте меравад ва мегӯяд: Фалонӣ дар мавриди ту чунину чунон мегуфт. Ва боз назди дувумӣ меравад ва ҳар чиро аз нафари аввал шунида, бо афзудани калимоте аз худаш бозгӯйӣ мекунад ва оташи ҷангу душманиро байни онҳо шуълавар менамояд.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ, шахсест, ки бо дурӯягиву маккорӣ, ҳилагариву дасисакорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ном баровардааст. Маҳз нақшбозии моҳиронааш буд, ки рӯзе бо эрониҳосту рӯзе бо араб, рӯзе бо яҳуд ҳасту рӯзе бо насоро. Дар назди эронӣ шиква аз араб менамояду дар назди араб гила аз эронӣ.
Метавон вобаста ба хислатҳои ноҷавонмардонаи ӯ варақҳо иншо намуд. Вале, беҳтар он аст, ки чеҳраи воқеияшро аз мусоҳибае, ки моҳи марти соли 2012 дар сомонаи минтақавии http://russian.eurasianet.org садо дод, ҷӯё шавем. Он ҷо хеле ҳарзагӯӣ карда буд. Ҳар чизе, ки хост, гуфт. Ҳукуматро интиқод кард, сиёсати онро дар тамоми самт мавриди таҳлил қарор дод.
Аммо нуктаи ҷолиб ва ифшокунандаи симои аслии ӯ дар мусоҳиба он ҷо зоҳир гашт, ки ҳаракати «Толибон»-ро дар баробари ҳизби наҳзат (он вақт расман дар Тоҷикистон фаъолият мекард) прагматик номид. Дар он суҳбат ҳаракати «Толибон»-ро муътадилтар аз ҳизби худаш маънидод кард. Кабирӣ бидуни фикру мулоҳиза ҳаракати «Толибон»-ро: «Ҳамчун фароҳамсози маҷрои демократикунонӣ ва беҳбудии кишварҳои Осиёи Марказӣ» васф карда буд. Гӯё «Толибон»-и ҷадид аз «Толибон»-и пеш фарқ дошта, роҳбари ТТЭ ҲНИ онҳоро бадеҳатан прагматик гуфтааст. Дар он ҷо қайд карда буд: «Агар онҳо дар ҳукумати навбатӣ ҳузур пайдо кунанд, масъулияти зиёдтареро ҳис мекунанд. Ман бовар надорам, ки онҳо террористонро ба кишварҳое мисли Тоҷикистону Ӯзбекистон фиристонанд. Чунки онҳо хостори оромӣ дар минтақа мебошанд».
Ба касе пӯшида нест, ки Муҳиддин Кабирӣ гарчанде худро намояндаи насли нав ва сиёсатмадори прагматик муаррифӣ мекунад, галстукро танҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи Ғарб ва пуштибонии институтҳои демократии онҳо ба гардан кардааст. Дар асл пойбанди ҳамон мафкураи куҳнаи наҳзатӣ буда, сидқан аз гурӯҳҳои исломии иртиҷоии кишвар ва минтақа пуштибонӣ мекунад.
Дурӯягии роҳбари наҳзатро ҳадду канор нест. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар сиёсат на дӯстӣ вуҷуд дораду на душманӣ. Меҳвари асосии сиёсатро манфиат ишғол менамояд. Маҳз ҳамин манфиатҳост, ки Кабирӣ дар назди охундҳою шайхҳо аз бобати мусалмонӣ «моҳирона» лоф мезанаду маблағҳои калонро соҳиб мегардад, дар назди кишварҳои аврупоӣ доир ба демократияву озодии баён суханпардозӣ мекунад ва соҳиби макони истиқомату зиндагии осуда барои худ ва аҳли хонаводааш мегардад.
Исми Муҳиддин Кабирӣ дар даҳ соли охири матбуоти тоҷик зиёд ба назар мерасад. Мусоҳибаву мақола, вохӯриву суханронияшро дар нишасту конфронсҳо ҳам дидаему шунидаем ва зиёд хондаем. Маҳз суханпардозиҳои беасоси ӯ буд, ки зарур донистем гуфтаҳои солҳои қаблиашро ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбӣ намуда, хулосаи кӣ будани ӯро аз нуқтаи назари равонӣ, ақлонӣ ва ахлоқӣ баҳо диҳем.
Чанде пеш дар мусоҳиба бо Алим Шерзамонов Муҳиддин Кабирӣ аз кишварҳои аврупоӣ мадҳу ситоиши фаровон карда буду агар имкон медошт, санги Каъбаро оварда дар Аврупо мегузошт. Таърифҳои Кабирӣ мавсимист, зеро замоне ки ӯ аз ин кишварҳо чандон манфиат намедид, аз стандартҳои дугонаи ин кишварҳо гила мекарду пеши дигарон арзи дил менамуд. Барои мисол, метавон аз мусоҳибаи ӯ дар соли 2009 дар рӯзномаи «Миллат» ёдовар шуд.
Он ҷо гуфта буд, ки: «Шумо фикр накунед, ки Ғарб ҳамеша дунболи ҷорӣ кардани демократия ва таъмини ҳуқуқи инсон дар кишварҳои олами сеюм аст. Дуруст аст, инҳо яке аз арзишҳои онҳо аст ва ҳамеша пайгирӣ мекунанд, вале он ҷое, ки манфиатҳои худашон пеш омад, ҳамеша ин масоилро дуюмдараҷа ва ҳатто сеюмдараҷа қарор додаанд.
Бояд тарсид аз касоне, ки бештар ва баландтар шиори миллатдӯстиву ватандӯстиро медиҳанд ва дигаронро муттаҳам ба фурӯхтани манофеъ медонанд. (http://www.millat.tj/articles/musohiba/3384-muhiddin-kabiri-bozii-buzurg-va-ishtibohoti-buzurg-3384.html)
Ду андешаи тазод, ду нигоҳи аз ҳамдигар фарқкунанда, ду дидгоҳи бо ҳам зид аз забони як инсон. Магар ин нишони дурӯягӣ, мунофиқӣ, риёкорӣ нест? Агар Аврупо чунин аст, пас чӣ ҳоҷати он ҷо нишастану интизории кумакҳои онро кашидан?
Имрӯз бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб, ришу мӯйлаб худро миёни ҷомеа таблиғ намуда истодаасту дар назди кишварҳои мусулмонӣ Ҳукуматро зидди дин, дар назди давлатҳои аврупоӣ Тоҷикистонро поймолкунандаи нақзи ҳуқуқҳои фитрии инсонӣ маънидод мекунад. Шахси ноогоҳ аз қазия гумон менамояд, ки воқеан ҳам Кабирии «зирак» аз дилсӯзӣ ба чор тараф ҷор мезанаду дар ғами мусулмонони кишвар мебошад. Аммо таҳлили мусоҳибаҳои вай дар солҳои пеш фактҳои дигареро рӯ мезанад. Махсусан, мусоҳибааш бо шунавандагони «Радиои озодӣ» дар соли 2009.
Он ҷо роҳбари наҳзатиҳо шояд надониста ё шояд мақсаднок хитоб кардааст, ки: «Бубинед, ки арабхо аз мо пеш рафта истодаанд ва ахиран шоҳи Саудӣ ҳам эълон доштааст, ки духтарон бе сатр ба дарс биёянд ва кори хубе ҳам кардааст, чун либос набояд монеи маърифат шавад. (https://www.ozodi.org/a/2303893.html).
Воқеан ҳам, либос набояд монеи маърифат шавад. Пас чаро дар Арабистони Саудӣ надоштани сатр боке надоштаасту дар кишвари Тоҷикистон поймоли ҳуқуқи эшон будааст? Магар духӯрагӣ дар ибрози як масъала нишонаи мунофиқӣ нест?
Мавлавӣ Қосим, яке аз бунёдгузорони ҲНИ, ки ҳашт солро дар зиндон пушти сар карда ва пас аз берун омадан дар ҳамоише дар мақари ин ҳизб суханронии ғайриинтизор ва ҷолиб кард, ки хеле аз муллоҳои наҳзатро хуш наомад. Ҳафтаномаи «Миллат» дар робита ба суханронии вай навиштааст: «Ӯ ба 50 — солагии парвози Гагарин ба кайҳон пардохт ва гуфт, ки башар ба чӣ дастовардҳое расидааст, аммо мо ҳамоно ришу саллаву минбару шиор додан аз номи исломро дӯст медорем. Рӯи сухани Мавлавӣ Қосим ба аъзои ҲНИ буд ва мегуфт, ки амалгаро бошед, химик шавед, физик шавед, доктор шавед, инструктор шавед. Шиор надиҳед, ислом ба шиори шумо ниёз надорад. Мӯйсафеди ҳафтодсолаи бунёдгузори ҲНИ танҳо касе буд, ки ба назар мерасид, то устухонаш зарурати ислоҳоти ҲНИ-ро дарк кардааст. Ин суханонро ӯ баъди ҳашт соли зиндон мегӯяд. Аммо намешавад, ки барои расидан ба дарки ислоҳот ҳамаи наҳзатиҳоро ҳаштсолӣ зиндонӣ кард». (http://www.millat.tj/articles/siyosat/2524-agar-kabiriro-az-hnit-bigirem-2524.html)
Дар мифологияи Рими қадим худое бо номи Янус вуҷуд дошт, ки дар як ҷисм бо ду рӯ инъикос мегардид. Аз як тараф инсони ҷавон, аз тарафи дигар шахсе бо чеҳраи солхӯрдаву пажмурда. Мафҳуми «Януси дурӯя» низ аз ҳамин мифология пайдо гардида, ибораи мазкурро нисбат ба шахсе истифода мебаранд, ки риёкору дурӯя, туҳматчиву иғвоангез, ҳангомасозу фурсатталаб мебошад. Воқеан ҳам, фаъолияти дурӯягии Муҳиддин Кабириро таҳлил намуда, вожаи «Януси дурӯя» ба ёдам расид, зеро фаъолиятҳои дугонаи Муҳиддин Кабирӣ пурра дар қолаби ҳамон дурӯя сурат мегирад.
Баҳром Қодирӣ