Дуюми июли соли 2018 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо аудитори генералии Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой Хю Зеҷун ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки дар 25 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитой бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб кард.
- Бовар дорам, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, — дар оянда муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳо беш аз пеш тақвият ёфта, дар амалӣ шудани муносиботи байнипарлумонӣ мусоидат менамоянд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи ҳукумати Хитойро ҷиҳати тақвият ва инкишофи иқтисоди миллӣ қадр мекунанд. Бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб корҳои зиёди муштарак бо ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Хитой ба роҳ монда шудааст, — афзуд муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон.
Дар робита ба пешрафти ҳамкориҳои иқтисодӣ Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон Хитой дар мақоми аввал қарор дорад ва баҳри ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи саноат хеле фаъол аст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар 112 муассисаи олии таълимии Хитой зиёда аз 2 ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил менамоянд. Соли 2016 барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон 298 бурсия ҷудо шуд. Инчунин, 3 маркази Конфутсий амал мекунад, ки дар онҳо шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаҳои омӯзиши забони хитойӣ ба роҳ монда шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой низ дар донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой дар оянда самтҳои бештари мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон