Созмони Ҳамкории Шанхай — ниҳоди фаъол ва соҳибнуфуз

№114 (3099) 14.09.2013

6

Сенздаҳуми сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шуруъ намуд.

Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, намояндагони воломақом аз кишварҳои нозир ва шарикон барои муколама  ба ҳам омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла изҳори қаноатмандӣ кард, ки «тайи 12 соли фаъолияти пурсамар Созмони Ҳамкории Шанхай ба ниҳоди воқеан фаъол ва дорои обру ва нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт».

Барои таъмини фаъолияти бештару муассири СҲШ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дар бораи таҳия ва қабули «Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай барои то соли 2025» –ро дастгирӣ намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо вазифадорем, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз ба Афғонистон кӯмаки моддию маънавии муассир расонем, то ки сулҳу субот дар ин кишвари дорои таъриху фарҳанги пурғановат барқарор гардида, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он рушди бонизом дошта бошад».

Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави масъулияти Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо …» таъмин карда шавад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси ояндаи Созмони Ҳамкории Шанхай аз сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ва шарикони муколама даъват намуд, ки соли оянда ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Сарони давлатҳо даъвати Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, ба ӯ дар иҷрои ин масъулияти баланд барору комёбӣ таманно намуданд.

Хотиррасон бояд намуд, пас аз ҳамоиши Бишкек раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон мегузарад ва ҳамойиши соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

www.president.tj