Худкушӣ. Онро бояд маҳкум намуд, на тарғиб

№85 (3879) 10.07.2018

12 апрели соли ҷорӣ дар сомонаи радиои «Озодӣ» хабар нашр шуд, ки тоҷири муфлисшуда даст ба худкушӣ задааст. Дар он тамоми роҳу равиш ва ҳатто номаи пеш­азмаргӣ дарҷ гардида, баъд аз 20 рӯзи расонаӣ шудан нафари дигар, ки қарздор будааст, ба ин «усул» тақлид намуд. Равоншиносон бар ин боваранд, ки инъикоси ин гуна мавзӯъҳо дар расонаҳо теъдоди ҳодисаҳоро меафзояд. Бахусус, вақте ки усулҳои он бозгӯйӣ шавад.

- Як ҳафта пеш аз он ки хоҳарам худкушӣ кунад, ман ба назди ӯ рафта будам. Хабари марги занеро, ки хушунатҳои оилавиро тоб наоварда, худашро ба дарё андохта буд, барояш хондам. Вале, бехабар аз он ки ӯ ҳам ба ҳамон мушкилӣ гирифтор аст, — изҳор дошт бародари (нахост номаш ифшо шавад) ҷавондухтаре, ки чанде пеш қасд ба ҷони худ карда буд.

- Чӣ дарду мушкил дошт? Шояд барои ҳалли он роҳеро пайдо мекардам? Ин саволҳоест, ки маро ҳамеша азоб медиҳанд ва худамро гунаҳгор ҳис мекунам, — мегӯяд ӯ.

Солҳои охир ҳодисаҳои худкушӣ дар Тоҷикистон зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, нӯшидани сирко, худро ба дарё партофтан ё дор кашидан аз маъмултарин тариқаҳои худкушӣ дар кишвар аст. Дар чор моҳи соли 2018 ба воситаи ВАО панҷ ҳолати бо роҳи сирко қасд ба ҷон кардан ва панҷ ҳолати ба дарё партофтан расонаӣ гардид. Бино ба гуфти ­масъулини беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе, соли 2017 270 нафарро дар ҳолати вазнини баъди қасд ба ҷон кардан барои ташхису табобат овардаанд. Қисмати бештари ҳодисаҳои қасд ба ҷон аз тариқи хӯрдани дору ва сирко сурат гирифтааст. Дар чор соли охир ҳафт ҳолати талоши худкушии занон бо роҳи ба дарё андохтан рух додааст, ки дар натиҷа се зану ҳафт кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

Равоншинос Маҳмадулло Давлатов андеша дорад, ки агар фарде худкушӣ кунаду усули худкушиаш аз тариқи расонаҳо паҳн гардад, нафари дигар, ки ҳамсони ӯ мушкил дорад, шояд пайравӣ намояд.

Чанд ҳодисаеро ин ҷо меорем, ки такрори якдигаранд. Моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Дар натиҷа, модар наҷот ёфту се фарзанд аз даст рафт. Айнан ба ҳамин ҳодиса монанд соли 2016 низ рух дода, сокини 25 — солаи шаҳри Норак Зӯҳро Маҳмуродова худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Моҳи майи соли ҷорӣ сокини шаҳри Турсунзода Сайрам Холова ҳамроҳ бо фарзандон бо усули зикршуда ҷонашро аз даст дод. Соли 2015, баъд аз расонаӣ шудани ҳодисаи худкушии ошиқон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, дар ноҳияи Айнӣ низ ду дилдода қасд ба ҷон карданд.

Мудири кафедраи психологияи ДМТ Нодир Амонов дар робита ба ин гуфт: «Муҳим он аст, ки чӣ тавр хабарҳоро мунташир мекунем, онҳо набояд таҳрикбахши дигарон шаванд. Ҳарчанд мавзӯи худкушӣ барои мардум ва расонаҳо ҷаззобият дорад, расонаҳо бояд аз пешниҳоди ахбори бисёр дар ин мавзӯъ худдорӣ кунанд».

Маҳмадулло Давлатов зикр кард, ки агар ҳодисаҳои дар ҷомеа рухдодаро махфӣ нигоҳ дорем, пас зарурати вуҷуд доштани воситаҳои ахбори омма зери суол мемонад. Дар ин маврид муҳим шакли инъикоси рӯйдод аст. Ҳодисаҳои нохушро мунтазам намоиш додан ба аҳли ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчун равоншинос ҷонибдори он ­ҳастам, ки рӯзноманигорон амалҳои худкуширо бо ҳангома пешкаш накунанд.

- Матолибе, ки дар расонаҳо оид ба ин мавзӯъ нашр мешаванд, бояд хусусияти огоҳнамоӣ ва пешгирикунанда дошта бошанд. Бо ин роҳ метавон пеши роҳи беш аз 90 дарсади худкушиҳоро гирифт, ба шарте ки дар ин самт фаъол бошем.

Профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ Ҷовид Муқим бо таассуф қайд кард, ки баъзе расонаҳо дар бораи худкушӣ, одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва дигар амалҳои зишт матлаб чоп карда, то андозае амалҳои ҷиноиро тарғиб менамоянд.

- Дар моддаи 10-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъкид шудааст, ки «Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд». Тибқи муқаррароти моддаи 11-уми ин меъёр аксбардорӣ, наворгирии чунин ашхос бе розигии аъзои оилаи ӯ манъ мебошад, — афзуд вай.

ӯ, ҳамчунин гуфт, ки рисолати асосии журналист ба аудитория пешниҳод кардани иттилои воқеӣ ва беғараз аст.

Хуб мешуд, агар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ­дарназардошти пешниҳодоти равоншиносон ва маълумоти овардашуда, ба қонунгузории соҳа тағйиру иловаҳо ворид менамуд ва ВАО-ро уҳдадор мекарданд, ки хабарҳои худкушӣ, дуздӣ ва дигар ҳолатҳои ногуворро тарзе пешниҳод намоянд, ки монеи амалҳои номатлуб шавад, на сабаби афзоиши он.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»