Зиёда аз як сол аст, ки дар мамлакат ташкилоти ҷамъиятии «Гемофилҳо» фаъолият дорад ва корҳои зиёдро анҷом додааст. Дар ин хусус бо раиси он Наҷиб Азизӣ мусоҳиб шудем.
- Гемофилия чӣ гуна беморист ва ҳадафи таъсиси ташкилот чист?
- Гемофилия бемории ирсиест, ки аз норасоии фактори 8-ум ва 9-уми хун шаҳодат медиҳад. Ашхоси мубталои он аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, чунки қобилияти шахшавии хунашон хеле суст мешавад.
Касоне, ки мубталои ин беморианд, ба гурӯҳи беморони ҳаёташон дар хатарбуда дохил мешаванд. Ин ҳолатҳоро ба назар гирифта, баҳри ташкили ҷамъият кӯшиш карда, баъди талошҳои қариб сесола 21 феврали соли 2017 Оинномаи ташкилотро таҳти рақами 1768 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтем.
Пас аз он ки моро ҳамчун шахси юридикӣ эътироф намуданд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ташкилот зиёд шуд. Чунончи, моҳи майи соли сипаришуда моро ба Симпозиуми 7-уми байналмилалии гемофилҳо, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, даъват намуданд. Ҳадаф ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, сохторҳои дахлдор ба мушкилии беморони гирифтори гемофилия дар ҷумҳурӣ мебошад.
- Зимни иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ баҳри пешбурди фаъолият чӣ иқдом кардед?
- Нахустин бурд аз иштирок дар симпозиуми Алмаато он буд, ки тавонистем нусхаи Оинномаи ташкилотро ба намояндаи Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо (ФУГ) дар Осиёи Марказӣ супорем. Октябри соли гузашта бо иштироки беш аз 400 бемору волидон ва парасторони беморони гемофилия дар шаҳри Душанбе ҳамоиш ташкил намудем, ки дар он коршиносони ФУГ низ ширкат варзиданд. Он пуле миёни мо ва ин ташкилоти бонуфуз гардид. Меҳмонон аз он бо хотироти нек рафта, масъалаи ба узвияти ин созмони ҷаҳонӣ пазируфтани ташкилоти ҷамъиятии «Гемофилҳо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Декабри соли 2017 аз намояндаи ФУГ дар Осиёи Марказӣ Юлиан Тсолов номаи расмӣ омад, ки қабули ТҶ «Гемофилҳо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон майи соли 2018 дар Симпозиуми байналмилалии Глазго (Британияи Кабир) баррасӣ мешавад. Пеш аз сафари роҳбари ташкилот ба ҳамоиш ФУГ барои беморони гемофилияи кишвар аввалин ёрии башардӯстонаро дар шакли доруворӣ фиристод.
Дар ҳамоиши Глазго, ки 21 — 26 — уми май баргузор гардид, аз Тоҷикистон ман ва духтур-гепатолог, номзади илмҳои тиб Муқим Раҳматов иштирок намудем. Намояндагони 140 давлат тавассути овоздиҳии кушода ташкилоти ҷамъиятии «Гемофилҳо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун узви комилҳуқуқ ба ҳайати ФУГ пазируфтанд. Зимни супурдани шаҳодатнома президенти ФУГ Алейн Вейл изҳор дошт, ки расонидани ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон дар шакли доруворӣ ва таҷҳизоти нигоҳдории онҳо, аз қабили яхдонҳои калонҳаҷм ва кондитсионерҳо зина ба зина амалӣ мешавад. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба монанди гепатит ва эмин доштани беморони гемофилия аз антителҳо (ингибиторҳои гемофилӣ), ки метавонанд дар муқобили факторҳои 8-ум ва 9-уми хун бароянд, ФУГ даст кашидан аз истифодаи «криопретсипитат» ва «плазма»-ро тавсия дод.
- Барои истифода аз усулҳои муосири табобати гемофилия донишу малакаи мутахассисони соҳа кифоя аст?
- Дар ҳамоиши зикршуда ҷаноби Алейн Вейл ба намояндаи федератсия дар Осиёи Марказӣ Юлиан Тсолов супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти мо ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввалин ба табобати факторӣ гузаштани беморони гемофилияро дар шаҳри Душанбе ба роҳ монад. Андешаҳоямро дар ин хусус бо мактуби расмӣ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода фиристодам. Итминони комил дорам, ки масъала ҳалли мусбат хоҳад ёфт.
Дар Глазго, инчунин бо роҳбарони як қатор зерсохторҳои ФУГ оид ба фиристодани ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон ва ба курсҳои кӯтоҳмуддати давлатҳои мутараққӣ фиристодани мутахассисоне, ки метавонанд аз рӯи ихтисос ба беморони гемофилия кумаки тиббӣ расонанд, ба мувофиқа расидем.
- Дар ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори гемофилия барномаи махсус қабул шудааст?
- Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба беморони гемофилия ҳеҷ гоҳ коста нагардидааст. Аз рӯи имконоти мавҷуда онҳо ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мешаванд. Акнун зарурат пеш омадааст, ки тадриҷан аз доруҳо даст кашида, ба табобати факторӣ гузарем. Гузаштан ба табобати факторӣ маблағи калонро талаб мекунад, вале боварӣ дорем, ки сохторҳои зиддахл дар ин самт беш аз пеш фаъол шуда, вакилони Парлумони мамлакат ҷиҳати қабули «Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва табобати беморони гемофилияи «А», «Б» ва бемории Вилиебранд» чора меандешанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»