Чанд сол боз ният доштам, ки аз рӯзгори ин зани заҳматкашу ватандӯст мақола нависам. Замоне ки дар дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт мудирии шуъбаро ба зимма доштам, Қурбонгул Халилова раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум буд.
Шунида будам, ки баъди ду моҳи раиси ҷамоат интихоб шудан дар деҳот заминларза ба амал омад, ки бар асари он чанд манзили истиқоматӣ вайрон шуду даҳҳо нафар бесарпаноҳ монданд. Аз ҳама бештар деҳаҳои Шаҳрисабзу Қазноқ хисорот диданд. Раиса даступо гум накард. Мардона ба имтиҳони ҷиддӣ тоб овард. Ҳавлӣ ба ҳавлӣ мегашт, бо сокинони деҳаҳо вохӯрда, онҳоро таскин медод. Мегуфт: хавотир нашавед, «Сар сиҳат бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Фарзанди оқилу доно, миллатдӯсту меҳрубон Пешвои моянд ва дар ин вазъ моро танҳо намегузоранд. Ба ҷои гиряву зорӣ, яъсу нотавонӣ бояд пайи ободии вайронаҳо камар бандем».
Дере нагузашта намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дастури Сарвари давлат ба ҷои ҳодиса омаданд. Баъди як рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Ба чанд хона даромада, сокинонро тасаллӣ доданд. Мардум бо дидани Пешвои миллат ғаму дард фаромӯш карданд. Таги чанори куҳнаи деҳаи Қазноқ ҷамъ омаданд. Танҳо мардуми Қазноқ не, балки овозаи омадани фарзанди барӯманди миллат, Пешвои созандаву бунёдкорро шунида, аз деҳаҳо одамон пиёдаву савора ба Қазноқ омаданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон кумаки арзанда карданд. Дар ду — се моҳ харобаҳо обод гардид ва аз заминларзаи мудҳиш осоре намонд.
Соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақша ба навоҳии Раштонзамин сафари корӣ доштанд ва сокинони ноҳияи Рашт низ талош мекарданд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани меҳмони олиқадр саҳм гузоранд.
То он рӯзҳо ӯро мешинохтам, аммо аз наздик не. Медонистам, ки дар шароити барои мамлакат душвор ӯ ба гӯшаву канори кишвар сафар мекард, дӯстони зиёд дошт ва барои пойдории кишвар, ваҳдати миллӣ, дар ҳаёт татбиқ намудани сиёсати Пешвои миллат мардона талош кард. Зане саропо бо ҷасорату оинҳои мардӣ…
Сафари Роҳбари давлат бояд аз ҳудуди деҳоти ба номи Нусратулло Махсум оғоз мешуд ва раиси ноҳия шодравон Маҳмадшариф Толибов дастур дод, ки ба фаъолони деҳот ёрӣ диҳем, то омодагии хуб бинанд. Ман қариб ҳар рӯз ба маркази ҷамоати деҳоти зикршуда мерафтам. Бо фаъолону омӯзгорон ва хонандагон суҳбат мекардам. Аз рӯзгори Пешвои миллат лаҳзаҳои ҷолибро барояшон қисса мекардам. Хурду калон бо рағбат ба ҳарфам гӯш медоданд. Якҷоя нақшаи чорабиниҳоро амалӣ менамудем.
Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Рашт буда, барои ноҳия ва ҷумҳурӣ кадрҳои зиёд ба воя расонидааст. Дар он фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Алӣ Хуш, Манзар Шариф, Қандил Ҷӯраев, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаббат Холназаров, Мусофир Кабутов, Муҳаббат Қосимов ва даҳҳо нафари дигар ба дунё омадаанд. Роҳбарӣ ба он кори осон нест. Ҳамон рӯзҳо пай бурдам, ки ин зани одиву ботамкин, оқилу ҳунарварро сокинони маҳал дӯст медоранд, ба ҳарфаш гӯш медиҳанд ва пайи иҷрои супоришҳои додааш содиқона талош менамоянд.
Дар муддати кӯтоҳ дӯстони наздик шудем. Пеш аз ҳама истеъдоди роҳбарӣ, сахтгириву кордонии ин зани оқила диққати маро ҷалб кард. Дар ҳама кор нисбат ба худ сахтгир аст.
Сокинони деҳот мехостанд баробари дигар дастовардҳои хеш ҳунари кадбонуи раштиро ба тамошо гузоранд. Масъалаи ташкили намоиши нонҳои маҳаллӣ ба миён омад. Ӯ бо ҳамон тамкини ҳамешагӣ, табассум дар лаб ба фаъолони деҳот рӯй оварду гуфт:
- Нонро худам тайёр мекунам. Чанд намуде, ки бошад.
- Шумо серкоред, раиса, — изҳор намуд нафаре. — Ин корро ба зиммаи занони дигар гузоред. Дар мо кадбонуҳо кам нестанд.
- Не, — қатъӣ рад кард вай. — Мехоҳам нонеро, ки ба меҳмонони олиқадр пешкаш менамоем, худам тайёр кунам. Дигар занҳо ба ман ёрӣ медиҳанд. Хамирашро ман тайёр мекунам, бандубасташ бошад, кори кадбонуҳои дигар.
Рӯзи омадани меҳмонони олиқадр ба намоишгоҳи нонҳои маҳаллӣ рафтам. Гӯшае бо ҳарфҳои зебо навишта буданд: «Нон бувад чун ҷони одам, зеби дастархони одам…» Гирдачаву чаппотӣ, кулчаи чой, фатиру хасфатир, хасфатири варақӣ, нони дегӣ, хамирфатир, фатири …. эҳа шумораашро ҳам гум кардаму номҳояшонро ҳам. Ба назарам намуд, ки он беҳтарин гӯшаи намоишгоҳ буд.
Қурбонгул Халилова солиёни дароз дар ноҳияи Рашт баробари мардон дар масири пешрафту шукуфоӣ саҳм мегузорад. Ӯ дар деҳаи Қазноқи деҳоти ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт таваллуд шуда, фаъолияти кориашро аз ҳуруфчини совхози ба номи М. Горкийи ноҳия оғоз кард. Дар вазифаҳои мудири боғчаи бачагона, мудири бахши бақайдгирии кумитаи комсомолии совхози мазкур, мудири шуъбаи кор бо кадрҳои хоҷагии деҳқонии Алӣ Хуш кор карда, соли 2007 раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум таъин гардид.
Бунёди бинои маъмурии ҷамоати деҳот, ба истифода додани биноҳои наву замонавии таълимӣ дар деҳаҳои Шул ва Деҳқонобод, эъмори бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатӣ самараи ташабускорӣ ва масъулиятшиносиву поквиҷдониаш аст.
Соли 2011 мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия таъин гардид. Дар пешгирии парокандашавии оилаҳо, аз тариқи шаффоф ва осон роҳандозӣ намудани хизматрасонӣ дар самти таъмини шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳои таваллуду никоҳ ва вафоту дигар намуди ҳуҷҷат хизматҳояш қобили таҳсин аст.
Қурбонгул Халилова ҳоло дар нафақа аст, вале дар корҳои ҷамъиятии ноҳия кӯшиши бештар аз дигарон саҳм гузоштанро менамояд. Ба шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ меояд, бо котибони ҷамоатҳо дар ҷойҳо вохӯрӣ мегузаронад. Таҷрибаи солҳои зиёд андӯхтаашро ба котибони ҷавон меомӯзонад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»