Чаро масъулин дастури мақомоти зиддахлро нодида мегиранд?
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2015 омадааст, ки «Ҳукумат дар муддати даҳ соли охир (солҳои 2004-2014 дар назар аст) барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона карда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро азнавсозӣ намуд».
Моҳиятан дар нигаҳдошти мероси ниёкон ва мерос гузоштани онҳо ба наслҳои оянда на танҳо Давлату Ҳукумат, балки ҳар як шаҳрванди кишвар масъул аст. Дар моддаи 44 -уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».
Бино ба маълумоти мутахассиси пешбари Маркази илмию методии раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Фароғат Усмонова, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад. Аз ин миқдор 598 адад дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара ва Айнӣ воқеъ гардидаанд.
- Дар замони шӯравӣ ҷамъиятҳои «Муҳофизати ёдгориҳои таърихию меъморӣ» амал мекарданд, ки ба мақомоти давлатии муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳо мадад мерасониданд.
Бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ташкилоти мазкур аз нав эҳё гардид, — мегӯяд раиси раёсати Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мурод Ёров.
Соли 2014 ташкилоти мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ анҷуман доир кард. Баъд аз ин таблиғу ташвиқи ёдгориҳо андаке ҷоннок шуда, нофаҳмиҳо нисбат ба ҳифзи осори ниёкон аз байн рафтанд.
- Яке аз вазифаҳои муҳими ташкилот созмон додани зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Бо вуҷуди он ки ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бобати аз нав ташкил кардани онҳо мактуб ирсол шудааст, мутаассифона, ин масъала то имрӯз ҳалли худро наёфтааст, — мегӯяд Мурод Ёров.
Тадқиқи масъала дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд моро ба хулоса овард, ки ҳоло муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба зиммаи ашхосе гузошта шудааст, ки аз ҳисоби воҳидҳои кории дигар ва ё маблағҳои иловагӣ маош гирифта, дар иҷрои рисолат собитқадам нестанд.
Дар натиҷа, аксари обидаҳои таърихию фарҳангии вилоят таъмирталаб ва бархе аз онҳо дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд. Бо вуҷуди нисбатан беҳтар будани кори масъулини муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳри Исфара аз 110 ёдгорӣ 20 ададаш ба таъмиру таҷдид сахт ниёз доранд. Мақбараҳои Бобои Ялдо (асрҳои IX-X), Хоҷа Нуриддин (асри XIV-XV) ва масҷиди Мавлоно Юсуф дар деҳаи Ворухро хавфи аз байн рафтан таҳдид дорад.
Мутахассиси бахши фарҳанг оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихии шаҳри Истаравшан Баротбой Ҷумъаев иброз дошт, ки аз 155 ёдгории таърихии шаҳр 122 адади онро масҷиду мақбара, манзилҳои истиқоматии таърихӣ, мадрасаю ҳаммом ташкил медиҳанд. Онҳо аз 200 то 1400 сол умр дошта, аксарият таъмирталаб гардиданд. Боқимонда бинобар надоштани шахси масъул (посбон ё фаррош), ба монанди мадрасаи Абдулатиф Султон (асри XVI), мақбараи Абдуқодири Ҷелонӣ (асри XVI), Маҷмааи таърихии «Ҳавзи Сангин» (асрҳои XVIII-XIX), «Чаҳор Гунбаз» бесоҳибанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад. Бегуфтугӯ, нахустин чизе, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад, ёдгориҳои таърихӣ мебошанд.
Хулоса ин аст, ки агар зерсохторҳои ташкилоти зикршуда созмон ёфта, ба онҳо шахсони фарҳангдӯст аъзо шаванд, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ соҳибони ҳақиқӣ пайдо мекунанд. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои онро мебояд замини ёдгориҳои таърихию меъмориро ба харитаи заминсозии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дохил намояд, то барои ҳифзи онҳо шароити бештар фароҳам гардад.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»