Луқма

Атрофи роҳҳоро низ ҳиндуҳо омада сабзазор кунанд?

№87 (3881) 17.07.2018

DSC_0535Соли гузашта бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон роҳи Душанбе — шаҳраки Айнӣ (ҳудуди фурудгоҳи низомӣ) васеъ ва таҷдид шуд. Вақте аз назди Раёсати БДА-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҳисор равона мешавед, роҳи хушсифат мумфаршшударо дида, табъатон хуш мешавад.

Аммо як чиз табъи ҳар бинандаро хира месозад. Дар ду тарафи роҳ хору банги девона ва буттаҳои ҷорӯбаку дигар гиёҳҳои бадбӯй баланд шудаанд, ки нохушоянд аст. Кас ба хулосае меояд, ки деҳаҳои ду тарафи роҳ раиси маҳалла ё ашхоси равшанфикр надоранд? Наход дарав кардани алафҳои бадбӯй ва шинондани гулу райҳон, ки чанд дақиқаро мегиранд, кори душвор бошад? Агар ҳар хонавода масофаи 30-40 метрро тоза карда, сабзазор кунад, ду канори роҳ назаррабо мешавад. Ё ҳаминро ҳам ҳиндуҳо кунанд?

Манзараи ноҳияи Рӯдакиро агар бо шаҳри Ҳисор муқоиса кунед, мақоли «як бому ду ҳаво» ба ёдатон меояд. Роҳи Душанбе — шаҳраки Айнӣ — Ҳисор то деҳаи Шайнак ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аст. Дар деҳаҳои тобеи шаҳри Ҳисор танаи дарахтони атрофи роҳ сафед карда, гулу кабудизор ба чашм мерасад. Деҳаҳои Муъминободу Чилчанор дар ин бобат намунаанд. Маълум мешавад, ки раисони маҳаллаҳо хуб фаъолият мекунанд.

Аммо донистан мехоҳем, ки кай сокинони деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳамсоягон ибрат мегирифта бошанд? Зеро дар урфият мегӯянд, ки «харбуза аз харбуза ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя панд».

С. Наҷмиддинзода, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ