Сокинони деҳаи зебоманзари Лухчи деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз урфу одат, фарҳанги ниёкон ва ҳунарҳои мардумиро побарҷо нигоҳ медоранд ва ҷиҳати эҳё, рушду таҳким бахшидани онҳо саҳми арзанда мегузоранд. Ҳунармандон ба кулолгарӣ, бофандагӣ (ҷӯроббофӣ), намадрезӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ ва чӯбтарошӣ машғуланд.
Шароити деҳаи Лухч барои пухтани зарфҳои сафолин хеле муносиб аст. Ин амал аз қадим на дар хумдонҳо, балки дар ҳавои кушод сурат мегирифт. Дар маъхазҳои таърихӣ таъкид шудааст, ки ибтидо ба кулолгарӣ танҳо занҳо машғул мешуданд. Бонувони чирадасти деҳа (рӯҳашон шод бошад) ба мисли бибии Озода, Гавҳар, Қурбонгул, Ҳарам, Солиҳа, Гулсимо, Адолат ва Зумрат, бо зарфҳои сафолини сохтаашон, аз қабили кӯза, офтоба, гулдон, табақ, коса, пиёла, хум, чағдег, танӯр, хурма, ширполон, қулқулак (барои нигоҳдории оби нӯшиданӣ) эҳтиёҷоти худ ва мардумро қонеъ мегардониданд. Онҳо барои кӯдакон бозича ҳам месохтанд.
Дар деҳа мардум аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва манбаи он дар масофаи дур ҷойгир буд. Шодравон усто Тоҳир қолаби қубури обкаши сафолинро тарҳрезӣ намуд ва занҳои ҳунарманд онро бо заҳмати зиёд тайёр карда, мавриди истифода қарор доданд, ки то имрӯз як қисми онҳо боқӣ мондааст.
Шуғли асосии мардуми деҳа чорводорӣ, зироаткорӣ ва бофандагӣ бо истифода аз пашми чорво маъмул буд. Бештар пашми гӯсфанд ва буз захира намуда, аз он ресмону ришта тайёр мекарданд. Барои тайёр кардани ришта занҳо аз дастгоҳи анъанавӣ — чарха ва дук, ки қариб дар ҳама хонавода мавҷуд буд, моҳирона истифода мебурданд. Ресмон ва риштаҳои тайёршударо бонувон бо гулу гиёҳҳои табиӣ ранг мекарданд. Ранги гулобиро аз гиёҳи руван, зардро аз гули хор, сурхро аз решаи хор, зарди торикро аз пӯсти дарахти зардолу ва чормағз омода намуда, аз риштаҳои ранга ҷӯроб, дастпӯшак, болопӯши пашмин ва ғайра тайёр мекарданд.
Намадрезӣ дар деҳа аз пашми гӯсфанд сурат мегирифт. Намадро бо истифода аз пашмҳои ранга наққошӣ менамуданд. Дар муддати зиёда аз 4 соат ба болои он баромада, бо пой зер мекарданд. Баъдан мардон ба тариқи ҳашар онро 4-5 соат молиш медоданд. Сипас, касе, ки барояш намад тайёр мекарданд, бо таомҳои миллӣ — ширравған, равғанҷӯшӣ, фатирмаска, дангича ҳозиринро меҳмондорӣ мекард, агар шароит медошт, буз ё гӯсфанд забҳ намуда, зиёфат медод. Маҳсули дасти намадрезони деҳа бобои Файз, бобои Маҳмадназар, бобои Алӣ ва бобои Азим то ҳанӯз боқист.
Оҳангариро дар деҳаи Лухч бародарон усто Тоҳир ва Солеҳ хуб ба роҳ монда буданд. Дар ибтидои асри ХХ дастрас кардани фулузот кори мушкил буд, аммо бародарон оҳанро аз минтақаҳои дигар бо асп меоварданд.
Аз рӯйи гуфтаи солхӯрдагон, онҳо ба истеҳсоли олоти рӯзгор — дос, корд, кордча, каланд, занҷир барои дар, теғи сартарошӣ, табар, теша, узангу, наъл, лаҷоми асп, зоғнӯл, оҳани сипор ва ғайра машғул буданд.
Овозаи истеъдоди усто Тоҳир ва усто Солеҳ дар дигар ноҳияҳо низ паҳн гардида буд, зеро чорводорон аз ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод, Панҷ, Восеъ ба мавзеи Сағирдашт омада, тобистонро он ҷо паси сар менамуданд. Чӯпонҳо барои дарёфти асбобҳои рӯзгор ва наъли асп ба назди онҳо омада, эҳтиёҷоти худро қонеъ мекарданд. Усто Тоҳир камонро низ моҳирона месохтааст. Камони сохтаи ӯ то масофаи як километр тирро ба ҳадаф мерасонидааст.
Аз усто Тоҳир писараш Шариф касби оҳангариро ба мерос гирифта, имрӯзҳо наберааш усто Тӯйчӣ ба оҳангарӣ машғул мебошад.
Дар деҳа оилаи бобои Файз ба ҳунари чармгарӣ шуғли бевосита дошт. Онҳо аз пӯсти ҳайвонот чарм омода менамуданд. Ин ҳунарманд чоруқ, мукӣ, мӯза, пӯстин, машк ва борхалтаҳои чармиро хеле моҳирона тайёр мекард. Бар замми чармгарӣ бобои Файз қошуқ, кафлез, чахчӯб барои дӯғкашӣ, табақ, нови осиёб, дӯл, чарха, дук, чархи осиёб ва ғайраро низ тайёр мекард.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабиниҳои гуногун баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода моҳи апрел дар деҳоти «Сағирдашт» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва моҳи июни соли ҷорӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, созҳои миллӣ, таомҳои миллӣ бо иштироки ҳунармандон аз деҳаҳои ҷамоат, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, аз қабили аспдавонӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, волейбол ва ғайра доир шуд, ки ифодагари эҳтиром ба ҳунар ва анъанаҳои мардумист.
Сокинони деҳот эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро намунаи олии таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба фарҳанги миллӣ ҳисобида, бовар доранд, ки барои ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Талабшо АЗИЗОВ, омӯзгори МТМУ №15, ноҳияи Дарвоз