Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дар бораи даъвати Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

№89 (3883) 21.07.2018

 Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 2 августи соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 18 июли соли 2018, № 20

Иттилоия

 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар назар аст, ки масъалаҳо дар бораи «Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.