Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба суғурта фаро гирифтани воситаҳои нақлиётии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, КВД «Тоҷиксуғурта» дар 8 дидбонгоҳи гумрукии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дидбонгоҳи шаҳри Турсунзода кормандонро ҷойгир намуда, ба буҷет 1 миллиону 52 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид кард.
Директори КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли равон корхона бо 380 ҳазор шахси воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ баста, ба ҷойи 14,3 миллион ба буҷет 15,9 миллион сомонӣ ворид намуд.
- Имрӯз «Тоҷиксуғурта» аз рӯйи 22 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз он 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ мебошад, — гуфт номбурда.
Корхона дар нимсолаи аввали соли равон ба зиёда аз 4,5 ҳазор шахси воқеию ҳуқуқие, ки бо рух додани ҳодисаи нохуш зиён дидаанд, мувофиқ ба шартномаҳои суғуртавии басташуда 3 миллиону 129 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ дод. Ин 20 дарсади ҳаққи суғуртавии умумии воридгардидаро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, дар нимсолаи аввали соли равон «Тоҷиксуғурта» беш аз 2,7 миллион сомонӣ андоз супурд, ки қисми бештари он ба андози иҷтимоӣ рост меояд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»