- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 мувофиқи нақшаи корӣ, қарору муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 136 санҷиши аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 272,3 млн. сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ товони зарар ба маблағи 116,1 млн. сомонӣ ба буҷет ва муассисаю ташкилот барқарор карда шуд, — иброз дошт раиси ниҳоди мазкур Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ, ки 19 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.
Аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 195,5 млн. сомонӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 37,7 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 23,2 млн.сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 7,4 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 7,4 млн.сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 655,5 ҳазор сомонӣ, пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои давлатӣ 456,7 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Санҷишҳо, инчунин истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 42,2 млн. сомонӣ, захира ва талафи буҷетро дар ҳаҷми 21,1 млн. сомонӣ муайян намудаанд.
Дар давраи зикршуда санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Бӯстони вилояти Суғд, Шамсиддин Шоҳин, Хуросон, Нораки вилояти Хатлон, Дарвози ВМКБ, Турсунзода ва Роғун ба анҷом расонида шуда, зимни раванди он 188 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, аз ҳисоби рӯйпӯш намудани андозҳо 3,5 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 1,8 млн.сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 2,2 млн. сомонӣ, камомад, тасарруф, талафи воситаҳои пулию молӣ 699,6 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои давлатӣ 22,7 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 8,2 млн.сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардидааст, ки дар рафти санҷишҳои аудиторӣ 7,9 млн.сомонии он барқарор гардид.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»