20 июли соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баргузор гардид. Директори он Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон собиқаи зиёд дошта, дар асри XIV аз ҷониби Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ асос гузошта шудааст. Номбурда аз шурӯъ гардидани марҳилаи нави муносибатҳо байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки ояндаи наздик равобити ду давлати дӯсту ҳамсоя ба сатҳи шарикии стратегӣ мерасад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар мавзӯи «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: Имкониятҳои нави муносибатҳои фарҳангӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки пас аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳа ҳамкориҳо вусъати тоза гирифтанд. Ва боварӣ аст пас аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки нимаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ дар назар аст, боз ҳам густурдатар мешаванд.
Дар ҳамоиш, инчунин устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддини Нарзиқул, Муҳриддин Низомӣ ва муовини раиси Ҷамъияти «Пайванд» Равшан Раҳмонӣ дар мавзӯъҳои «Рушди муносибатҳои фарҳангӣ ҳамчун заминаи асосии рушди муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон», «Ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ-саҳифаи дурахшоне дар таърихи робитаҳои фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек» ва «Умумиятҳои фарҳанги муштараки мардуми тоҷику ӯзбек (фолклор ва мардумшиносӣ)» маърӯза намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»