24 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа баргузор гардид.
Аъзои кумита масъалаҳоро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
24 июли соли 2018 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ҷаласа доир гардид.
Он аз ду масъала – «Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» иборат буд.
- Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. — Иловаҳои пешниҳодшуда ба фаъолияти мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва дорои на кам аз як дараҷаи ҳимоя доштани бюллетени овоздиҳӣ вобаста аст. Тағйироти пешниҳодшуда, инчунин тартиби пур кардани бюллетени овоздиҳӣ, эълони натиҷаи пешакӣ ва ниҳойии раъйпурсиро мушаххас менамояд, — иброз дошт раиси кумита.
Муҳаммадюсуф Имомзода роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» гуфт, ки тибқи моддаи 51 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта ба андозаи на камтар аз маоши семоҳа дода мешавад. Ин кумакпулӣ ба хизматчиёни давлатӣ то ин вақт низ дар ҳолати доштани собиқаи на камтар аз 15-солаи хизмати давлатӣ пардохт мегардид. Мувофиқи тағйироти мазкур, минбаъд ба хизматчиёни давлатӣ, новобаста аз собиқаи хизмати давлатӣ, кумакпулӣ бояд пардохта шавад.
Сипас, оид ба масъалаҳои баррасигардида хулосаҳо қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»