- Ҳоло бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» беш аз 3 миллиард сомониро ташкил менамояд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 30,1 фоиз зиёд аст. Ҳиссаи пасандози аҳолӣ 42 фоизи амонатҳои ҷалбгардидаро ташкил менамояд. Муҳимтар аз ҳама, ҷалби пасандоз тамоюли афзоишро касб намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 60 миллион зиёд шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси раёсати бонки зикршуда Руҳулло Ҳакимзода.
Шоёни зикр аст, ки «Амонатбонк» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ, афзун намудани ҳаҷми пардохти ғайринақдӣ ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бо зиёда аз 7 ҳазору 400 ташкилоту муассисаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар доираи лоиҳаи «Музди меҳнат» пардохти маошро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ мондааст. ҳоло теъдоди дорандагони кортҳои пардохтии бонк ба зиёда аз 1,4 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,5 ҳазор нафар зиёд мебошад. Даромади софи бонк 17,9 миллион сомониро ташкил дода, назар ба соли гузашта 20 фоиз афзудааст.
Руҳулло Ҳакимзода аз истифодаи технологияи навин ҳарф зада, гуфт, ки 230 маркази хизматрасонии филиалҳои бонк ба барномаи «Қабули пардохтҳои ҳатмӣ» пайваст ва дар 500 нуқтаи савдо POS – терминалҳо насб шудаанд. Ҳамкории «Амонатбонк» бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ ба марҳилаи нав ворид гардида, дар ин замина 64 миллион доллари ИМА ҷалб шудааст. Зикр гардид, ки баъзе хизматрасониҳои бонк, бо дарназардошти давлатӣ будан, аз дигар бонкҳо комилан фарқ дорад. Қабули маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ аз ҳамин ҷумла аст. Дар ин давра филиалҳои «Амонатбонк» 754, 7 миллион сомониро дар доираи чунин хизматрасонӣ аз аҳолӣ қабул намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бист фоиз зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки «Амонатбонк» ба 18 ҳазор корхонаю ташкилот, 699,8 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,5 миллион нафар пасандозгузор тавассути 554 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 75 филиал дар ҷумҳурӣ хизмат мерасонад.
Далер Мерганов, «Садои мардум»