Бисту чоруми июли соли равон нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муовини якуми директори Агентии мазкур Назокат Одиназода иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 245,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 217,6 миллион сомониро ташкил додааст.
Номбурда зикр кард, ки теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 679087 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23272 нафар зиёд аст. Андозаи миёнаи нафақа дар вилояти Суғд 256,8 сомонӣ, вилояти Хатлон — 257,40, ВМКБ — 332,60, шаҳри Душанбе — 368,40 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 254,70 сомониро ташкил дод.
Дар ин давра 60085 шахси воқеӣ ҳамчун пардохткунандаи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шуд.
Назокат Одиназода ёдовар шуд, ки мувофиқи супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз якуми сентябри соли 2018 тамоми намуди нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 дарсад зиёд мешавад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»