Сесад ҳазору нуҳсаду сиву шаш килограм маҳсулоти гӯштӣ, 27 794 кг равғани растанӣ, 67 839 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 39 153 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 116 589 кг маҳсулоти қаннодӣ, 5 197 кг маҳсулоти ширӣ, 58 617 кг чой, какао, қаҳва, 105 085 кг иловагиҳои ғизоӣ, 4 569 кг консерваҳо, 136147 кг қанду набот, 2736 кг маҳсулоти макаронӣ, 153 727 кг орди гандумӣ, 300 кг чарбуи чорво аз ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ғайристандартӣ дониста, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба нафарони масъул чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Дар ин бора 23 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии мазкур Қудрат Давлатзода иттилоъ дод. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз маҳсулоти зикршуда қисми зиёдаш воридотӣ мебошад.
Инчунин, қайд шуд, ки назорати бо либоси ягона таъмин будани фурӯшандагони нуқтаҳои савдо ва бозорҳо низ пурзӯр карда, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани талаботи муқарраргардида чораҳои маъмурӣ андешида шуд. Дар маҷмӯъ, барои риоя накардани муқаррарот оид ба либоси ягона дар 485 ҳолат 108650 сомонӣ ҷарима таъин гардид.
Бино ба гуфти Қ. Давлатзода, дар шаш моҳи соли ҷорӣ масъулини ниҳод бо роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе ҳашт вохӯрӣ гузарониданд, ки мақсад аз баргузории онҳо тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.
Дар ин давра дар феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 навъи воситаи ченак ба қайд гирифта шуд ва барои тасдиқи се навъи дигар гузаронидани корҳои метрологӣ идома дорад.
Вобаста ба ташхиси маҳсулоти нефтӣ Қудрат Давлатзода гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нефтии Агентии «Тоҷикстандарт» дар 1740 ҳолат 253 383 тонна маҳсулот мавриди ташхис қарор гирифт. Илова бар ин, бо мақсади муайян намудани сифати ин намуди маҳсулот дар нуқтаҳои фурӯш санҷиш гузаронида шуд, ки дар 57 ҳолат 527,3 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ эътироф гардид.
Далер Мерганов, «Садои мардум»