Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода 31 июли соли равон дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 8 хатсайри экологӣ фаъол гардонида шуд. Илова бар ин, бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ семинари илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Нақши мавзеъҳои сайёҳии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Тайи шашмоҳаи аввали соли равон дар 924,3 гектар барқароркунии ҷангал гузаронида шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 279,3 гектар зиёд мебошад. Дар ин давра ба 322 шикорчӣ роҳхати шикорӣ дода шуд ва аз ин ҳисоб ба суратҳисоби Агентӣ ва хоҷагиҳои зертобеи он 10252 сомонӣ ворид гардид.
- Дар хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ диққати зиёд дода мешавад. То ин дам занбӯриасалпарварон 3224 кило асали кӯҳӣ ҷамъ оварданд. Дар назар аст, ки то охири сол 22 тонна асал ҷамъ оварда, теъдоди қуттиҳои занбӯри асалро ба 3500 оила мерасонанд, — гуфт Азизулло Исматзода.
Аз солҳои 50- уми асри гузашта бо мақсади беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин дар ноҳияҳои Панҷ, Данғара, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва Хуросон ниҳолҳои писта шинонида шудааст, ки масоҳати умумиашон ба 79 ҳазор гектар мерасад. Ҳосилнокии онҳо чандон баланд нест. Соли ҷорӣ дар майдони 10 гектар пайванди навъҳои баландҳосили писта гузаронида шуд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»