31 июли соли 2018 бо иштироки президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 нишасти матбуотӣ доир шуд.
Бино ба гуфти номбурда, дар нимсолаи якуми соли 2018 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла 57 мавзӯи илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзӯи илмӣ — таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмӣ — таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ 1120 кори илмӣ, аз ҷумла 88 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 1030 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд. Илова бар ин, олимони академия 3 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 қарори мусбат оид ба нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд.
Айни замон муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе мушкилот мувоҷеҳанд, ки кам будани маош, норасоии маблағ барои харидани лавозимоти зарурӣ, таҷҳизоти техникӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва ғайра аз ҳамон ҷумла аст. Ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони мактабҳои олӣ ба муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи кадрҳои ҷавон, бо вуҷуди он ки дар нимсолаи якуми соли 2018 нисбатан беҳтар гардид, боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.
Кам будани маҳсули илмии баъзе аз кормандони илмии муассисаҳои илмӣ ва баъзе аз аъзои АИ ҶТ (манзур навиштани мақолаҳои илмӣ, илмии оммавӣ, таълифи монография аст), дар иқтисодиёти кишвар хеле кам татбиқ гардидани ихтирооти илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камбудиҳои соҳа эътироф гардид.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пажӯҳиши мушкилиҳои глобалӣ, амсоли ивазшавии иқлим ва офатҳои табиӣ фаъолияти густурда дошта, дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.
- На танҳо норасоии об, балки дигар маҳсулоти истеъмолӣ дар ояндаи наздик аз зумраи мушкилиҳои асосии ҷаҳониён хоҳад буд. Аз ин хотир, барои кишвар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти табиӣ, ки дар бозори ҷаҳонӣ торафт арзиши онҳо боло мераванд, зарурат дошта, омӯхтани онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, — гуфт дар хотима Фарҳод Раҳимӣ.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»