Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода амалҳои бунёдкоронаю созандаро вусъат бахшида истодаанд.
Тавре муовини якуми раиси шаҳр Парвиз Акрамзода гуфт, феълан дар хиёбону маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонӣ бомаром ҷараён доранд. Боғи фарҳангӣ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир буда, солҳои 70-уми қарни гузашта дар масоҳати 3 гектар ташкил ёфтааст, то ҳол ягон маротиба таъмири асосӣ нашуда буд. Роҳбарияти шаҳр аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват ба амал оварданд, то дар таҷдиди ин муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ саҳмгузор бошанд. Соҳибкорон даъватро хуб пазируфта, ба таъмиру таҷдид пардохтанд. Тибқи лоиҳаи таҳияшуда муассиса бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ мегардаду дар он атраксионҳои ҷадид насб хоҳад шуд. Ғайр аз ин, «Амфитеатр»-и дорои 600 ҷойи нишаст бунёд шуда, то соли 2021 пурра таҷдид мешавад.
Бино ба иттилои масъулон, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода (ба истиснои ҷамоатҳои деҳот) бояд 40 иншоот ба истифода дода шавад. Моҳи сентябри соли равон бошад, 10 иншооти таъиноташон мухталиф ба истифода дода мешаванд.
- Ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр майдончаи замонавӣ ба истифода дода шуд. Алҳол сохтмони 3 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр идома дошта, то охири сол ба итмом хоҳанд расид.
Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»