30 июли соли равон раиси ноҳияи Файзобод, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқ дар шашмоҳаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ доир кард. Аз гуфтаҳои ӯ маълум гардид, ки дар шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷет 19 миллиону 797 ҳазор сомонӣ, хароҷот 20 миллиону 984 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 1 миллиону 762 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ба буҷети ноҳия аз ҳисоби андозу дигар пардохтҳо ба ҷойи 7 миллиону 959 ҳазор сомонӣ 7 миллиону 965 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 100,2 фоизи нақша баробар аст.
Раиси ноҳия ва дигар масъулон аз дастовардҳои соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, таъмири роҳҳо ва ғайра ҳарф зада , инчунин зикр карданд, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар шаш моҳи соли 2018 — ум 175 рейду санҷиш гузаронида, 61 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқиро барои вайрон кардани талаботи санитарӣ 9200 сомонӣ ҷарима намуданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»