Имрӯз Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон аст. Дар робита ба ин, хабарнигорамон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро мусоҳиб шуд, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Ҷаноби Сафир, Рӯзи истиқлолият дар кишвари шумо чӣ гуна таҷлил мегардад?
- Дар Покистон 14 август иди миллӣ буда, он «Явми озодӣ» (Рӯзи озодӣ) ном дорад. Соли 1947 дар ин рӯз Покистон истиқлолият ба даст оварда, ба ҳокимияти британиягиҳо хотима бахшид. Ба ин муносибат дар шаҳри Исломобод чорабинии бузург доир мегардад. Дар Қасри Президент ва парлумони мамлакат Парчами миллӣ барафрошта мешавад. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ роҳбарияти давлат суханронӣ карда, сокинони мамлакатро бо ҷашни миллӣ муборакбод мегӯянд. Маросими ботантана аз барафроштани парчаму гузаштани паради ҳарбӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва сурудани таронаҳои ватандӯстӣ иборат аст. Бахшида ба ин рӯзи муборак ҷоизаҳо супурда мешаванд. Мардум бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар боми хонаву нақлиёт Парчами миллиро насб мекунанд. «Явми озодӣ»- ро сафоратхонаҳои Покистон ва диаспораҳои покистониён низ ботантана ҷашн мегиранд.
- Тайи як соли сипаришуда вазъи иқтисодиёти Покистон чӣ гуна буд?
- Ба шарофати амалисозии Барномаи мукаммали эҳёи иқтисодиёт, ки ба ноилгардии рушди баланди иқтисодӣ равона шудааст, солҳои охир дар Покистон пешрафти иқтисодиёт ба назар мерасад. Тайи ду соли охир суръати рушди иқтисод аз 5 фоиз зиёд гардид.
Дар зарфи 13 соли охир, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, комёбиҳои зиёд ба назар расид. Ба ин дастовардҳо дар натиҷаи ташаббусҳои барои рушди соҳаи аграрӣ нигаронидашуда, аз қабили вусъати қарздиҳии имтиёзнок ба кишоварзон, пешниҳоди тухмиҳои хушсифату серҳосил, дастрасӣ ба нуриҳои органикию минералӣ ва ғайра ноил гардидем. Рушди соҳаи саноат порсол 5,8 фоизро ташкил дод, ки ин натиҷаи беҳтарин дар 10 соли охир аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 11 сол 6,24 фоиз афзуд. Ду соли охир суръати рушд дар соҳаи хизматрасонӣ 6,43 фоизро ташкил дод.
Тайи 5 соли охир, бинобар ислоҳот дар соҳаи молия, пешравӣ ба назар расида, барои рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити беҳтар фароҳам омад. Агар моҳҳои март- июли соли 2017 ҳаҷми содироти маҳсулоти Покистон 15,1 миллиард долларро ташкил дода бошад, ин рақам моҳҳои март — июли соли равон ба 17,1 миллиард доллар расид. Ин пешравиҳо бозгӯйи комёб шудани ислоҳоти ҳукуматӣ мебошанд.
- Соли 2010 ҷониби Покистон барои ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ бунёди шоҳроҳи «Ишкошим – Чатрол» — ро пешниҳод намуда буд. Дар ин самт ягон пешравӣ ба чашм мерасад?
- Ҳарчанд доираи соҳибкорони Покистон бо шароиту имтиёзҳои минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ошно бошанд ҳам, новобаста аз наздикии масофа то ҳол роҳи мошингарде, ки Ишкошимро бо Покистон мепайвандад, вуҷуд надорад. Агар роҳи мошингарди Ишкошим — Чатрол тавассути Долони Вахон сохта шавад, барои соҳибкорони Покистон омадан ба Ишкошим ва ривоҷ додани ҳамкориҳо осон мегардад.
- Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Робитаҳои дуҷонибаи Покистону Тоҷикистон аз 15 миллион доллари соли 2011 то ба 90 миллион доллар дар соли 2014 расида буд. Соли 2015 ин рақам 64 миллион ва соли 2016- ум 55 миллион долларро ташкил дод. Моҳҳои январ – апрели соли равон ҳаҷми додугирифти дуҷониба 17, 2 миллион доллар буд.
Дар бахши тиҷорат ҳанӯз захираҳои бузурги истифоданашуда зиёданд. Вобаста ба ин гуфтаниям, ки робитаҳои кунунии иқтисодӣ бо равобити наздики сиёсӣ қиёснашаванда ба назар мерасад.
- Робитаҳо дар бахшҳои фарҳанг, тандурустӣ ва илм чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- 1 июли соли 1992 Созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории илмӣ- техникӣ ба имзо расида буд. Моҳи июни соли 2016 гурӯҳи муштараки корӣ оид ба маориф, илм ва техника таъсис ёфт, ки моҳҳои наздик нахустин ҷаласаи он баргузор мегардад. Дар он нишаст, ҳамчунин қарор шуда буд, ки конфронсу симпозиумҳои илмӣ баргузор ва миёни мактабҳои олии ду мамлакат созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шаванд. Ҳамчунин, механизми таҳқиқоти муштараки илмиро дар бахшҳои тиббиву илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ба роҳ бояд монд.
Илова бар ин, 1 июли соли 1992 Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг, варзиш ва туризм миёни Покистону Тоҷикистон ба имзо расид. Дар он омӯзиши забон, фарҳанг, таърих, адабиёт, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, ташрифи гурӯҳҳои театрӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои радиою телевизион пешбинӣ шудааст.
Моҳи июли соли 2017 бошад, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон ба номи Пир Алӣ Шоҳ Меҳр ба имзо расонида шуд. Моҳи майи ҳамон сол чунин ёддошти тафоҳум бо Донишгоҳи аграрии Файсалобод ба имзо расид.
Апрели соли гузашта Сафорати Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоберо дар бораи ҳаёту эҷодиёти шоири маъруф ва муаллифи Суруди миллии Покистон- Ҳофизи Ҷоландари аз чоп баровард.
Аз моҳи майи соли 2000- ум дар ДМТ маркази омӯзиши забони урду фаъолият мекунад. Сафорат дар доираи салоҳият ба донишҷӯёни тоҷик дар робита бо омӯзиши забони урду мусоидат менамояд.
- Робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Покистон дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Дар ҳар ду кишвар Гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ таъсис ёфтааст. Ҳамкориҳои байнипарлумонии ду давлати дӯсту бародар хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Раиси Маҷлиси миллии Покистон Аёз Содиқ моҳи майи соли 2014 ба Душанбе ташриф оварда буд. Зимни сафар ӯ бо ҳамтоёни тоҷикистониаш дар бораи роҳҳои боз ҳам таҳким бахшидани робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори назар кард. Аз 14 то 18 марти соли 2016 ҳайати вакилони Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари расмӣ ба Покистон ташриф оварданд.
- Ду сол пеш, зимни мулоқоти роҳбарони ду давлати дӯст, масъалаи ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуда буд. Чаро ин иқдом амалӣ нагардид?
- Ширкати «Сомон Эйр» 6 майи соли 2016 парвоз ба хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе- Лоҳурро ба роҳ монд. Мутаассифона, 8 августи ҳамон сол бинобар зараровар буданаш хатсайри мазкур баста шуд. Ба андешаи ман, ба роҳ мондани роҳи ҳавоӣ миёни ду бародаршаҳр баҳри вусъат додани тиҷорату туризм саривақтист, зеро бе мавҷуд будани роҳи ҳавоӣ вусъат додани туризм ва робитаҳои ҳамкории халқҳои ду кишвари бародар номумкин аст. Роҳбарияти ҳар ду мамлакат ҳавасманди барқарор кардани хастсайрҳои мустақим ҳастанд. Ҳоло роҳҳои алтернативии зудтар ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.
- Бо мақсади мустаҳкам кардани робитаҳои дуҷониба боз кадом чораҳоро амалӣ намудан лозим аст?
- Муносибати ду кишвари дӯст, алалхусус, баъди ба Тоҷикистон ташриф овардани сарвазири Покистон (июни соли 2014, июни соли 2015, майи соли 2016 ва июли соли 2017) беҳтар гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова ба сафарҳои қаблӣ моҳи ноябри соли 2015 ва марти соли 2017 ба Покистон ташриф оварданд. Аз 18 то 21 июли соли равон бошад, Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ба Тоҷикистон омад. Ҳамаи ин аз ҳавасманди робитаҳои наздик доштани Покистон бо кишвари ба мо дӯсту бародари Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Миёни ду кишвар то ин дам 59 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Афзалияти муносибатҳои моро ҳар чӣ зудтар ба итмом расонидани лоиҳаи «CASA — 1000», ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ, вусъати ҳамкориҳо дар бахшҳои амнияту мудофиа, ба роҳ мондани робитаҳо дар самти туризм, барқарор кардани роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар ташкил медиҳад. Барои афзудани ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ ба мо бунёди роҳҳои автомобилию оҳан ва ҳавоӣ зарур аст. Мо якчанд гурӯҳи муштарак дар самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергетика таъсис додаем.
Тавре ба шумо маълум аст, чанде пеш дар Покистон интихобот баргузор гардид, ки аз рӯи натиҷаи он ҳукумати нав таъсис дода мешавад. Ман бовар дорам, ки ҳукумати навтаъсис давраи нави ҳамкориҳо миёни ду давлати дӯсту бародарро ба роҳ хоҳад монд. Итминони комил дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаву дурандешонаи Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи худро ба сӯи пешравию шукуфоӣ идома медиҳад ва муносиботи дӯстона миёни ду мамлакат боиси некуаҳволии халқҳои ду кишвари дӯст мегардад.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»