Нархи маҳсулоти полезӣ — тарбузу харбуза дар вилояти Суғд хеле боло рафтааст. Тарбузе, ки соле муқаддам арзишаш 1-1,5 сомонӣ ва ҳатто аз ин ҳам кам буд, якбора ба 4 сомонӣ расидааст.
Сабаби қиматшавии ин полезии хушхӯрро масъулону мутахассисон ба чанд омил вобаста медонанд. Сардори шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов изҳор дошт, ки «сабаби асосии болоравии нархи тарбузу харбуза ба қиматшавии сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, кам шудани майдони кишти ин намуди зироат ва беинсофии миёнаравҳо» вобаста аст.
- Соли гузашта 1 литр сӯзишвории дизелӣ 4 сомонию 20 дирам арзиш дошт, имрӯз бошад, 8 сомонӣ аст, — афзуд Абдуазиз Маҳмудов. — Нархи гази моеъ низ аз 2 сомонию 70 дирам ба 4 сомонию 90 дирам расидааст. Илова бар ин, нархи нуриҳои минералӣ то 40 дарсад — бо мочевина аз 135 сомонӣ ба 200, нитроаммофос аз 155-и соли сипаришуда ба 250 сомонӣ боло рафт.
Коршиносон қиматшавии нархҳоро ба болоравии қурби асъор — доллари Амрико алоқаманд медонанд.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, ки таъминкунандаи асосии маркази вилоят ва атрофи он бо полезиҳост, кам кишт шудани тарбузу харбузаро ба паҳн шудани овозаҳо, дар бораи он ки «баъди хуб шудани муносибатҳо бо ҷумҳурии ҳамсоя, полезиҳои ноҳияҳои Бӯкаву Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозорҳои моро пур мекунанду нархи полезиҳо аз нав «хоки сиёҳ» мешавад, марбут донистанд. Маҳз бо ин сабаб дар ноҳияи мазкур кишти тарбузу харбуза назар ба порсола 1000 гектар кам шуд. Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Нарзулло Боймирзоев, соли гузашта майдони кишти ин намуди полезӣ 3000 гектарро ташкил медод.
Таҳқиқи мавзӯъ нишон дод, ки сабаби дигари болоравии нархи тарбузу харбуза ин беинсофии «миёнравҳо»-и бозор аст.
- «Миёнарав»-ҳо, ки мо онҳоро соҳибкор мегӯем, як харбузаро аз сари замини деҳқон 9 — 10 сомонӣ харидорӣ ва дар бозор 20 — 22 сомонӣ нархгузорӣ мекунанд, — мегӯяд Абдуазиз Маҳмудов.
Ҳамсуҳбати мо дуруст мегӯяд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, чанд сол қабл собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба масъулин дастур дода буд, ки дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд нуқтаҳои махсусро барои деҳқонон ҷудо намоянд, то ки ба пастравии нарх дар бозор мусоидат кунад. Лекин ин иқдом дер давом накард.
Ҳамсуҳбатам гуфт, ки ин ҳолат дер давом нахоҳад кард. Ҳамагӣ 10-15 рӯз бояд тоқат кунем. Пас аз 10 — 15 рӯз нархи маҳсулоти полезӣ тағйир меёбад. Ба ибораи дигар, «бузак намур, ки баҳор мешавад»…
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»