Барои боз ҳам инкишоф ёфтани бозии теннис бори нахуст моҳи марти соли 2005 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд.
Минбаъд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 таҳти № 340 ҳар сол ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
23 августи соли равон низ дар Қасри тобистонаи тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни наврасон доир гардид.
Онро муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, муовини якуми раиси Кумитаи варзиш ва ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ифтитоҳ карданд. Сипас, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод ва Парчами миллии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ барафрохта шуд.
Ба майдон намояндагони дастаҳои теннисбозони навраси Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Бангладеш, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Украина ворид шуда, қуръапартоӣ дар намуди ҷуфтӣ гузаронида шуд.
Мусобиқа то 27 августи соли 2018 дар Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» идома меёбад.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ