Суҳбат бо раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб
- Дар ҷумҳурӣ ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шаҳодати ин гуфтаҳост. Хоҳишмандем бигӯед, ки татбиқи он дар Лахш чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Барои фаъолияти самарабахш ва татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», амр аз 28 марти соли 2011 таҳти №31 ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳайати комиссияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мебарад. Мутобиқи он нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст ва аз тарафи аъзои комиссия вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, фарогирии пурраи хонандагон ба таҳсил, идомаи таҳсили духтарон баъди хатми синфи 9 ва ҳамкории волидайн бо мактаб нақши муассир мегузоранд.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ равона шудааст, дар ҳаёти сокинони ноҳия чӣ гуна таъсир гузошт?
- Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияи доимии ноҳиявӣ таъсис дода шудааст, ки дар асоси талаботи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ин самт нигаронида амал менамояд. Дар ноҳия 190 комиссияи доимию ҷамъиятӣ, аз ҷумла, як комиссияи доимии шаҳрак, нуҳ комиссияи доимии деҳотӣ ва 180 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст.
Дар асоси тағйироти воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотиҳа, бе додани таом муқаррар гардидааст. Бо истифода аз ин муқаррарот соҳибони майите, ки хоҳиши амали хайру сахо доранд, барои обод намудани маҳалу мактаб ва дастгирии оилаҳои ниёзманд саҳм гузошта истодаанд.
Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои иловагиро низ ҷиҳати таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ намуда истодааст.
- Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд дар ояндаи наздик бояд ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад. Дар Лахш барои амалӣ гардидани ин нияти хайр кадом корҳо ба анҷом расидааст?
- Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4 млн. 937 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 1 млн. 179,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
НХБ «Питовкӯл-1» ва НХБ «Питовкӯл-2» 902,6 ҳазор кВт/соат неруи барқ истеҳсол карданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 31,1 ҳазор кВт/соат кам мебошад. Ин вобаста ба қатъ гардидани маҳдудияти қувваи барқ аз Неругоҳи барқи обии «Норак» мебошад.
Коргоҳи дӯзандагии «Сумая» дар ним сол 3307 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намудааст. Имсол заминаи моддию техникии он, ки соли 2017 дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бунёд ёфт, васеъ гардида, шумораи кормандонаш ба 25 нафар расонида шуд, ки аксари онҳо занону духтарони хонашин мебошанд.
Дар шаш моҳи гузашта 66 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ташкил ва қариб 80 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардид.
Аз тарафи шуъбаи дар ноҳиябудаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти «Ваҳдат», «Ҷиргатол», «Қашот», «Лахш» ва «Муксу» курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ, намадрезӣ ва гулдӯзӣ ташкил ва дар онҳо 120 нафар, аз ҷумла, 100 нафар зан, соҳиби касбу ҳунар шуд.
- Соҳаи кишоварзии ноҳия чӣ вазъ дорад?
- Ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди майдони боғот ва барқароркунии боғҳои куҳна, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол дар майдони 41 гектар боғҳои куҳна барқарор ва дар майдони 50 гектар заминҳои талу теппа боғҳои нав бунёд карда шуд.
Кишоварзон дар 1173 гектар ғалладона, 4522 гектар картошка ва 296 гектар сабзавот кишт намуданд.
Картошкапарварӣ барои сокинони ноҳия яке аз бахшҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Иқлим ва заминҳои ҳосилхези водӣ барои кишти хушсифати картошка мувофиқанд. Аз ин рӯ, тавассути таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, зиёд намудани тухмиҳои серҳосили навъи маҳаллӣ ва таъмини техникаи кишоварзӣ майдони кишти картошкаро хеле фарох кардем. Соли ҷорӣ, тибқи дурнамо, кишти картошка дар майдони 2500 гектар тасдиқ гардид, вале бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишт ба 3 ҳазор гектар расонда шуд. Ҷиҳати пурра обёрӣ намудани заминҳои картошкапарварӣ ва зироатҳои дигари кишоварзӣ каналҳо пурра таъмир ва барои обёрӣ омода гардиданд.
Бо истифода аз имкониятҳои васеи табиӣ чорводорон низ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Ҳоло саршумори чорвои калон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ наздик ба 30 ҳазор ва моли майда 135 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба пешрафти соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ мусоидат намуд ва шумораи оилаҳои занбӯри асал қариб ба 5 ҳазор адад расонда шуд.
- Яке аз роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ривоҷи туризм аст. Лахш то кадом андоза метавонад дар рушди соҳа саҳмгузор бошад?
- Ҷиҳати бунёд намудани инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ як қатор тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, шоҳроҳи аз ҳудуди ноҳия гузаранда ва роҳҳои байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд. Ҳамчунин, дар маркази шаҳраки «Ваҳдат» шаш меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аҳолии ноҳия даромаднокӣ ва беҳтар кардани шароити иқтисодиро тавассути соҳаи сайёҳӣ дарк карда, ба сохтмони меҳмонхона ва тарабхонаҳои замонавӣ шурӯъ намудаанд.
Аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани экспедитсияҳо, аз ҷумла, ба масъалаи бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатии онҳо, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Бо ҳамин мақсад бо ҷалби соҳибкорон дар ноҳия шаш меҳмонхонаи замонавӣ ва панҷ ошхонаи миллию муосир фаъолият доранд, ки дар баробари ба сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ хизмат расонидан, инчунин барои таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намуданд.
Дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур мебошад. Оби он барои давои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод (ревматизм) ва ғайра истифода мегардад. Илова бар ин, сарчашмаи оби мазкур барои бемориҳои занона, махсусан безурётӣ, фоидаовар аст. Оби ин сарчашма аз таги замин фаввора мезанад ва 950 С гармӣ дорад.
Дар ноҳия, ҳамчунин, ёдгориҳои таърихӣ (петроглифҳо) мавҷуданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Ачиқолмаи деҳоти «Алға» ҷойгир буда, Ғори сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки он ба давраи то мелод мансуб аст, ки одамон дар он умр ба сар мебурдаанд.
Мардум бо дастгирӣ аз «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ба тавсеаи ҳунарҳои миллӣ аҳамияти зиёд медиҳанд. Хусусан, коргоҳи дӯзандагии «Сумая» дар истеҳсоли маҳсулот ва муаррифии ҳунару фарҳанги миллӣ саҳми назаррас дорад.
Бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия дигаргун гардидааст. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои аҳолӣ соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ босуръат рушд карда истодааст.
Мо — тоҷикистониён як ҳадаф дорем, ки он таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як хонадон аст. Ин мақсади наҷиб танҳо бо роҳи саҳми сазовор гузоштан дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба даст меояд. Мехоҳем, ки Лахш дар ин раванд дар қатори беҳтаринҳо бошад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»