ФАЙЗОБОД. (Маҷид Ҳомидов) Кормандони Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз барномаҳои идона омода карданд. Тибқи ин барнома онҳо дар ҷамоатҳои деҳот консертҳо барпо мекунанд. Ба барномаи театрикунонидашудае, ки ба Иди байналмилалии Наврӯз бахшида шудааст, 400 нафар ҷавонони болаёқати ноҳия ҷалб гардидаанд. Тавре дар суҳбат мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошарифов гуфт, бахшида ба идҳои баҳорӣ боз якчанд барномаи ҷолиби дигар низ таҳия шудааст.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон