Сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

№120 (3105) 27.09.2013

26 сентябри соли 2013 сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ оғоз гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Иншооти мазкур бо маблағи се миллион сомонӣ сохта шуда, дорои 46 утоқи корӣ мебошад ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин дорои толори маҷлисӣ, ошхона, утоқҳои соҳавӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулини соҳаро вазифадор намуд то дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб, решакан намудани ҷинояту чинояткорӣ маҳорати хуби касбӣ нишон дода, худ низ дар иҷрои вазифаи хизматӣ рафтори намунавӣ дошта бошанд.

Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Қалъаи лаби об»-ро мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин иншоот низ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохта шуда, дар бунёди он 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст. Дар ин бинои навбунёд маҷлисгоҳ ва 15 утоқи корӣ мавҷуд мебошад. Қаблан коргузории маъмурӣ дар бинои иҷора сурат мегирифт, ки то андозае ба талабот ҷавобгӯ набуд. Ҳамзамон бо беҳтар шудани шароити корӣ имкон аст, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ хубтар ба роҳ монда шуда, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия вусъат ёбад.

 

Шиносойӣ бо намоишгоҳи кишоварзӣ

26 сентябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Қалъа» ташриф оварда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос гардид.

Шиносойӣ бо намоишгоҳи кишоварзӣ

Тавре маълум шуд, хоҷагидорон аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳосили зиёд рӯёнида, барои таъмини зиндагии хеш ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Аз кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» деҳқонон аз 1 гектар 400 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Қаблан деҳқонони ноҳияҳои водии Рашт аз кишт кардани сабзию пиёз худдорӣ мекарданд, гӯё ки иқлими ин водӣ барои парвариши ин намуди зироати кишоварзӣ номусоид бошад. Таҷрибаи деҳқонони асил дар ин самт нишон дод, ки аз кишти сабзию пиёз нисбат ба дигар ноҳияҳо дар ин минтақа чандин маротиба ҳосили зиёд гирифтан мункин аст. Бахусус дар ноҳияи Тоҷикобод кишоварзон аз тухмии хушсифат истифода карда, ҳосили фаровони сабзиву пиёз гирифтаанд. Вазни холиси ду донаи сабзӣ як килограмро ташкил медиҳад. Ҳосили ғалладонагиҳо имсол дар ноҳияи Тоҷикобод хеле зиёд буд. Танҳо аз кишти ғалла дар заминҳои обӣ деҳқонон зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Президенти мамлакат ба масъулин ва хоҷагидорон дастуру ҳидоят дод, ки ҳар чӣ бештар аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, майдони кишти картошка ва дигар зироатҳои кишоварзиро тадриҷан васеъ намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос шуд. Чуноне маълум гардид, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 1081 гектар кишти картошка гузаронидаанд. Тавре хоҷагидорон иброз доштанд, бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат имсол майдони кишти ин намуди зироат дар ноҳия 50 гектар зиёд карда, парвариши навъҳои хушсифату серҳосили он ба роҳ монда шудааст.

Алҳол барои ҷамъоварии ҳосили картошка техникаи зарурӣ ҷалб шудааст, ки аксари онҳо зимни сафари қаблии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонону хоҷагидорони ноҳияи Тоҷикобод туҳфа ва қисми дигар тариқи лизинг дастрас шудаанд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дуруст истифода намудани қиматтарин сарвати табиӣ – обу замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру ҳидоятҳо дода, бори дигар аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки дар баробари шаҳрвандони дигар манотиқи кишвар барои амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

 

Ифтитоҳи маркази фароғатии ҷавонон

26 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои дуошёнаи Маркази фароғатии ҷавонони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуд.

Бинои мазкур бо харҷи 714 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он беш аз даҳ ҷойи корӣ муҳайё шудааст. Дар ин маҷмаа, ки аз ду ошёна иборат мебошад, утоқи компютерӣ бо дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии Интернет, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 мошинаи дарздӯзӣ, хонаи ақди никоҳ ва дар ошёнаи дуюм бошад, китобхонаи барҳавою замонавӣ ҷойгир аст. Зимни шиносойӣ бо шароити мавҷудаи бинои мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази омӯзиши компютериро боз ҳам васеътар кунанд.

Тавре масъулин иброз доштанд, то ин замон дар ҳудуди ноҳия хонаи ақди никоҳ мавҷуд набуд ва шаҳрвандон ин маросимро аслан дар ҷамоатҳо баргузор мекарданд.

Дар ин бинои навбунёд маросими ақди никоҳи панҷ оилаи ҷавон баргузор гашт. Сарвари давлат ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда, барояшон бахти сафед таманно намуд.

 

Варзишгоҳи замонавӣ дар ноҳия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод, ки соли 2010 сурат гирифт, ба масъулин оид ба сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дастур дода буд. Дар як муддати кӯтоҳ сохтмони маҷмааи варзишӣ ба анҷом расонида шуд, ки имрӯз (26 сентябри соли 2013) бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Варзишгоҳи замонавӣ дар ноҳия

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тоҷикобод, ки дар минтақаи Рашт калонтарин иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад, бо сарфи 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Варзишгоҳ дорои беш аз шаш ҳазор ҷойи нишаст буда, дар он шароити зарурӣ ҷиҳати баргузориии мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ муҳайё мебошад.

Дар варзишгоҳи навбунёд маросими хатнасури 120 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманди ноҳия баргузор карда шуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки базми хатнасури кӯдакон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шудааст. Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуд.

Дар варзишгоҳи тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нишондодҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар сохтани шароити таълиму тарбия дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

www.president.tj