Дар даврони шӯравӣ донишҷӯён дар даст «портфел» ва «дипломат» ба дарс мерафтанд, зеро аксари дарсҳои таҷрибавӣ (машғулиятҳои гурӯҳӣ) бо китоб доир мегардид. Яъне, ҳар донишҷӯ бо китоби аз китобхона орият гирифтааш ё аз дӯкон харидааш ба таълимгоҳ ҳозир мешуд. Баъди нисфирӯзӣ ҳатман барои дарстайёркунӣ сӯйи китобхонаҳо роҳсипор мешуданд. Аммо имрӯз бисёр донишҷӯёнро мебинем, ки ба донишгоҳ бо як дафтар меоянд. Агар аз ҷараёни дарсҳо чизе нависанд ҳам, ба гумон аст, ки онро мутолиа намоянд. Ба таври дигар гӯем, насли имрӯза аз китоб дур шудааст. Албатта, ҳастанд нафароне, ки ба китоб меҳр доранд ва бештари онҳо гирандаи стипендияҳои гуногун мебошанд. Аз ҷумлаи ҳамин дӯстдорони китобанд, онҳое, ки дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб меоянд. Мутолиаи китоб боиси болоравии дониш ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад. Нависандаи маъруфи рус Максим Горкий гуфта буд: «Китоб аз бузургтарин муъҷизоти олам аст, ки тафаккури инсонӣ онро офаридааст».
Мо тавассути дониши амиқ метавонем дунёро дарк намуда, қонунҳои табиатро сарфаҳм равем. Аз ин ҷост, ки ниёконамон илму фарҳангро ба ганҷи бебаҳо нисбат додаанд:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Баъзеҳо сабаби каммутолиагии насли имрӯзро дар дастрас будани воситаҳои электронӣ, интернет ва телефонҳои мобилӣ мебинанд, аммо, дар асл, ин чизҳо баҳона шуда наметавонанд. Аҳолии Япония, ИМА, Олмон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар мамолики пешрафта чанд сол қабл аз мо ба компютер дастрасӣ доштанд, вале ин шавқи китобхониро дар онҳо кам накард. Ҳар сол дар ин мамлакатҳо миллионҳо адад китоб ба нашр мерасад. Дар метрову автобус аксар японию кореягиро машғули мутолиа дидан мумкин аст. Воқеан, онҳо «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» будани китобро хуб дарк кардаанд. Аз ин рӯ, дар илму техника босуръат пеш рафтанд.
Дар мо бошад, хурду калон дар даст телефон доранду ба ҷойи аз он манфиатнок истифода бурдан, рэп гӯш мекунанд ё наворҳои барои худашон шавқовару дар асл бемаъниро тамошо карда, «завқ» мебаранд. Магар аз чунин нафарон ихтироъкор ё кашшоф мебарояд?
Яке аз сабабҳои дигари каммутолиа будани насли наврас гаронии нархи китоб аст. Дар замони шӯравӣ танҳо дар деҳоти ҷумҳурӣ 140 мағозаи китоб мавҷуд буд. Илова бар ин, ҳар ҷамоат китобхона дошт. Дар мактабҳо бо истифода аз хонандагони фаъол китобҳои фарсударо ширеш карда, барои тӯлонитар истифода бурдан мусоидат менамуданд. Теъдоди нашри як китоб аз 10 то 50 ҳазор ададро ташкил медод. Ҳоло бештари китобҳо бо теъдоди 200- 500 нусха чоп мешаванд. Аҳёнан баъзе китобҳо 1000 адад ба табъ мерасанд. Имрӯз шояд каммуштаритарин нуқтаҳои савдо мағозаву дӯконҳои китобфурӯшӣ бошанд.
Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки ба хотири кам шудани арзиши аслии китоб дӯконҳои китобфурӯшӣ аз андоз озод карда шаванд, зеро агар вазъият ҳамин тавр идома ёфтан гирад, он дӯконҳои ангуштшуморе ҳам, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо боқӣ мондаанд, оҳиста — оҳиста фаъолиятро қатъ мекунанд.
Бояд ба ҳар восита кӯшиш намоем, ки мардум ба китобхонӣ ҷалб шаванд. Ба ин хотир, баргузор намудани маҳфилҳои «Ширу шакар», «Шоҳнома»-ю «Маснавӣ»- хонӣ ба манфиати кор аст.
Хуб мешуд, ки соҳибкорони муваффақ асарҳои Аҳмади Донишу Айнӣ ва дигар маорифпарваронро харидорӣ карда, ройгон ба хоҳишмандон тақсим менамуданд. Бо чунин амали хайр онҳо дар баланд гардидани маърифати аҳли ҷомеа ҳиссагузор хоҳанд шуд.
Суқроти Ҳаким гуфтааст: «Ҷомеа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рӯзмаррааш бошад».
Нуралӣ ШОДМОНОВ, омӯзгори МТМУ №58-и ноҳияи Рӯдакӣ