Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барои рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар бобарору судманд хоҳад буд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв мулоқот намуданд.
Дар он масъалаҳои таъмиқи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёвро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, имкони дидору мулоқотро дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омили муҳими таконбахши робитаҳои анъанавии мардуми ду кишвар арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ба сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари бародари Ӯзбекистон афзалияти бештар дода мешавад.
Дар як муддати кӯтоҳ бо иродаи қавии сарони давлатҳо ва хоҳишу талошҳои мардуми ҳар ду ҷумҳури маҷмӯи мушкилоти ҳалталаб аз байн бардошта шуд.
Сарони кишварҳо сафарҳои давлатии ҷавобиро ба мамлакатҳои якдигар натиҷагирӣ карда, аз раванди татбиқи санадҳои зимни сафарҳо имзошуда, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла, масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар болои дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати «Артел» дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек ба манфиати мардуми тоҷику ӯзбек равона гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкории бахшҳои тиҷорату иқтисод, муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад ва барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Барои татбиқи ин ҳадафҳо заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодӣ, захираҳои моддӣ ва неруи инсонӣ, анъанаҳои накуи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мавҷуд аст.
Дар маҷмӯъ, изҳори умед карда шуд, ки ҷонибҳо бо талошҳои муштарак ба рушди бемайлони муносибатҳои ҳамкорӣ ноил мегарданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи мазкур, ки дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир ва бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.
Боғ дар майдони 2,23 гектар доман густурда, дар он дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, сарв, ардач, клион, сиквой ва гулу буттаҳои рангоранг шинонида шудааст. Ба сарони давлаҳо иттилоъ доданд, ки шумораи умумии дарахтони навшинонида дар боғ 600 бехро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, майдони 14 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст.
Дар боғи мазкур, ки дар асоси Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ гардид, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя — Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ қомат афрохт.
Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев парда аз рӯи муҷассама бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.
Муҷассама, ки аз рӯи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шудааст, лаҳзаи баррасии асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшунигори хос ба ҳар ду миллат ҳаккокӣ гардидааст.
Бунёди боғи замонавӣ ва дар он гузоштани муҷассамаи мутафаккири барҷаста Низомиддин Алишер Навоӣ баёнгари хислати неки инсонӣ, башардӯстиву сулҳпарварӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба гузашта аст.
Барои фароҳам овардани шароити мукаммали истироҳату фароғат дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» 80 адад нишастгоҳи ҷавобгӯ ба талаботи замон насб шудааст.
Ҳамчунин, дар боғ қаҳвахона бо фароҳам овардани 50 ҷой барои нишаст бунёд гардидааст, ки дорои таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ мебошад.
Дар қисмати дигари боғ майдонча барои бозии кӯдакон ташкил ва дар он таҷҳизоти зарурӣ барои дилхушию истироҳати наврасон насб карда шудааст.
Барои машғул шудан ба обутоби бадан бошад, ду нуқтаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишӣ мавҷуд мебошад.
Он шабона барои сайру саёҳат ва фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт басо мусоид аст. Дар маҷмӯъ, дар боғ беш аз 200 поя барои васли чароғҳои равшанидиҳанда насб шудааст.
Ба ороиши боғ, аз ҷумла, бо истифода аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ҷобаҷогузории нишастгоҳҳову дигар инфрасохтори он аз ҷониби сарони давлатҳо баҳои баланд дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зебову дилфиреб нигоҳ доштани он ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
www.president.tj