Даст додастат Худо, коре бикун,
Максабе кун, ёрии ёре бикун.
Мавлонои Балх
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки бошукӯҳтарин асари маънавии башарият «Маснавии маънавӣ»-ро офаридааст, ба ҷаҳони розҳои инсонӣ роҳ ёфта, аз буду набуди он беш аз ҳар андешаманде хабардор гаштааст. Сухани ин ориф машъали фурӯзони раҳравони роҳи ҳақиқату хештаншиносист. Рӯҳи бедори ин пири барнодил мехоҳад осори сукуту рукудро аз пайкари рӯзу шаб берун кунад ва замонаро ҳамчун худ ошиқу муштоқ намояд ва то даме ки ба авҷи огаҳӣ нарасад, як замон аз талошу талаб наосояд:
Рӯзу шабро ҳамчу худ маҷнун кунам,
Рӯзу шабро кай гузорам рӯзу шаб.
То наёбам он чӣ дар мағзи ман аст,
Як замоне сар нахорам рӯзу шаб.
Дар нигоҳи ин пири равшанзамир ҷаҳон як сохтори ваҳдатманди органикист, ки ҳар зарраи он дар ҷойгоҳаш барои мавҷудияти хешу пойдории ҳастӣ амалеро анҷом медиҳад. Яъне, дунё як коргоҳи бузурги масъулияту машғулиятҳои гуногунест, ки дар он ҳар зарра ё узве бори шуғл ва масъулиятеро бар дӯш дорад:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Майли онро дар дилаш андохтанд.
Агарчӣ матлаб дар байти аввал сурати ҷабрӣ дорад, аммо асли мақсад чизи дигар аст. Майлу хоҳишҳои башар дар эҷоди сурати кор, ки як амри оризӣ аст, нақши ҷавҳарӣ доранд. Истеъдодҳои дарунӣ ба таври фитрӣ дар ҳастии башар мавҷуданд. Барои фаъолият бахшидан ба ин неруҳо инсон ба як дастгоҳи фикрӣ ниёз дорад. Яъне, сохтори ҷаҳони ботинии инсон як системаи механикӣ (ҷабрӣ) нест, ки аз қабл тарҳрезӣ шуда бошад, балки ин ҷаҳон як созвораи зиндаи дар ҳоли рӯидану инкишоф ёфтан аст, ки дар асари шароити берунӣ, дар партави ҳидоят ва роҳнамоиҳо камолу ҷамол меёбад.
Ӯ корро дар ҳаёти башар як амри муҳим ва созанда медонад. Кор ниёзу эҳтиёҷоти баданӣ (моддӣ)-и башарро бароварда месозад ва чархи ҳаракатро, ки як рукни асосии мавҷудият ва бақои ҳаёти инсон аст, ба гардиш медарорад. Унсури ҳаракат бо гузашти замон шаклу мавзӯи корро тағйир медиҳад. Зиндагии инсони аввалин, ки рӯзгори сода ва одие дошт ва ба кори шикору ҷамъоварии меваҳои хушку кишоварзӣ машғул буд, аз шеваи ҳаёти инсони имрӯз фарқ дорад. Агарчӣ асри нав дар арсаи кору иштиғоли башар табаддулоти ҷиддӣ ворид сохт, аммо кор ба унвони бовафотарин рафиқи зиндагии башар боқӣ монд:
Пас паямбар гуфт баҳри ин тариқ,
Бовафотар аз амал набвад рафиқ.
Дар андешаи ин донишманди розошно кор ба ҷуз ҷанбаи иқтисодӣ паҳлуҳои ахлоқӣ, равоншиносӣ, экологӣ ва ғайра низ дорад. Ба таъбири дигар, кор оинаи тамомнамои эҳсосу афкору кирдори инсон аст ва дар ҷараёни анҷоми он симои воқеии шахсият ва моҳияти инсон ошкор мешавад. Ӯ кореро арзишманд медонад, ки тибқи қавонини ахлоқӣ тарҳрезӣ шуда бошад. Ин навъ кор, аз нигоҳи ӯ, бар ҳама корҳо бартарӣ дорад. Яъне, касби ҳалол, амалу фаъолияте, ки дар чорчӯбаи қоидаҳои ахлоқӣ роҳандозӣ мегардад:
Луқмае, ки нур афзуду камол,
Он бувад оварда аз касби ҳалол.
Маълум аст, ки корҳои баду носазо мавриди қабули мардум нестанд. Инсони бадгумон, ки вобаста ва натиҷаи зеҳнияти каҷбунёди хеш аст, «аз чанбараи вуҷуди худ» ба дигарон менигарад ва ҳамаро мисли худ мепиндорад. Ҳар амале, ки дар дунёи бекарони мо сурат мегирад, асаре ба ҷой мегузорад. Амали наку натиҷаи нек ба бор меоварад ва амали бад асари нохушоянд боқӣ мегузорад.
Ҳусну қубҳи кор дар партави нури «огоҳӣ» равшан мешавад. Нури огоҳӣ сояи ғафлатро аз рӯйи майлу хоҳишҳои инсон мешӯяд. Огоҳӣ инсонро ба сӯйи шинохти воқеӣ мебарад. Ба ақидаи Мавлонои Балхӣ агар инсон аз моҳияти кори бад огоҳ набошад, шинохти кори хуб барояш номумкин аст.
Амал ҳолату хусусиятҳои инсонро ошкор мекунад. Яъне, кор муаррифи ҷаҳони ботинӣ ва олами ахлоқии башар аст ва дар сурати кор сирати соҳиби он аён мешавад.
Бо тағйири ҳолатҳои дарунӣ сурати кор низ дигаргун мегардад. Тағйиру таҳаввул дар ҳаёти инсон ба ҳар ранге, ки сурат пазирад, ҷанбаи ихтиёрӣ дорад. Таҳаввулоте, ки аз берун бар ҷомеа таҳмил ё эҳдо мешавад, дарахти берешаро мемонад, ки дар замини мурдае ба намоиш гузоштаанд. Ин амал як амри оризӣ ва зудгузар аст. Идеяе, ки аз мағзи ҷони инсон моя мегирад, беасару бесамар нест:
К-ӯ бадал гашту бадал шуд кори ӯ,
Лутф гашту нур шуд ҳар нори ӯ.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки аз ҷоми маърифати ин ориф нӯш кардаву масти бодаи мардафкани ӯ гаштааст, дар ин замина бо ӯ ҳамдостон аст.
Ҷалолиддини Балхӣ дар маҷмӯъ корро ба ду қисмат — кори дил (амали органикӣ) ва кори даст (амали механикӣ ё баданӣ) ҷудо мекунад ва гоҳе байни ин ду амал фосила мегузорад:
Мо бишӯем ин ҳадасро, ту биҳил,
Кори даст аст ин намат, на кори дил.
Сурмаро дар гӯш кардан шарт нест,
Кори дилро ҷустан аз тан шарт нест.
Ин ҳакими тавоно бар он ақида аст, ки ҳама кор бояд дар партави раҳнамоӣ ва ҳидояти устод сурат бигирад:
Кори беустод хоҳӣ сохтан,
Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан.
Имрӯз, ки барои анҷоми корҳо зӯру тавон дорем, коре бояд кард, ки фардо ин имконро нахоҳем дошт. Мавлоно ин матлабро дар достоне тавассути тимсоли хорбун баён мекунад, ки мазмуни мухтасари он чунин аст:
Марде дар сари роҳе хорбуне мешинонад. Бо мурури замон хорбун калон шуда, пойҳои мардумро хуншор карда, либоси онҳоро медарад. Ҳокими маҳалла баъди шикояти мардум ба он мард фармон медиҳад, ки хорбунро аз бех барканад. Он мард ин корро ба фардо мегузорад. Хорбун калону неруманд ва мард пиру заиф мегардад.
Ҷалолиддини Балхӣ дар ин масал ба сурати рамзу роз барои мо ин ҳикматро баён мекунад: Мард тимсоли ақли ҷузъӣ ва хорбун тимсоли хулқу хӯи бади инсон мебошад, ки ҳангоми бурузи муносибатҳои иҷтимоӣ боиси ранҷу озори атрофиён мегардад. Ҳоким, ки дар ин қисса тимсоли хиради фитрӣ мебошад, ба мард ҳушдор медиҳад, ки хорбунро барканад, яъне ахлоқи бади худро раҳо кунад. Аммо инсон, ки дар ҷавонӣ имкони баркандани хорбунро дорад, ҳамеша ин корро ба фардо мегузорад. Чун фардо — даврони пирӣ мерасад, мард дигар қудрати анҷоми кореро надорад:
Рӯз бегаҳ, лоша лангу раҳ дароз,
Коргаҳ вайрон, амал рафта зи соз.
Бехҳои хӯйи бад маҳкам шуда,
Қуввати баркандани он кам шуда.
Ин орифи роздон бар ин ақида аст, ки Худованд корҳоро ба касе ихтисос намедиҳад ва монеи сайри майлу хоҳишҳову муроду ихтиёроти инсонҳо намешавад (яъне, масъулияти ҳеҷ коре ҷабран бар дӯши касе бор нест). Пас, худи инсон аст, ки бо саъй ва кӯшиш корҳоро анҷом медиҳад ва касбҳоро интихоб мекунад:
Қадри қимат бошад он ҷаҳду дуъо.
«Лайса ли-л-инсони илло мо саъо».
Нест тахсиси Худо касро ба кор,
Монеи тавъу муроду ихтиёр.
Дарвоқеъ, тағйиру таҳаввулоти ҳар ҷомеаи инсонӣ натиҷаи амал, кӯшишу талош ва ҷоннисориҳои мардони бузурги таърих мебошад. Мавлонои Балх ин матлабро дар мисоли кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди Пайғамбари ислом (с), ки як ҷомеаи гумноми бутпарасту бадавиро ислоҳ кард ва шуҳрату шаън бахшид, баён ва ба ин восита кӯшишу заҳмати шахсиятҳои бузурги таърихро тавсиф намудааст:
Гар набудӣ кӯшиши Аҳмад ту ҳам,
Мепарастидӣ чу аҷдодат санам.
В-он ки пояш дар раҳи кӯшиш шикаст,
Даррасид ӯро Буроқу барнишаст.
Мавлавӣ амалҳоеро, ки дар заминаи хостаҳои бадан (ҳирс, ҳавою ҳавас ва дигар тамоюлоти нафсонӣ) анҷом мешаванд ва дилбастагии инсонро ба машғулиятҳои камарзиш бештар мекунанд, «кори бегона» меномад. Ин қабил корҳо бебақо ва бевафоянд. Бинобар ин, инсонро мебояд, ки «кори худ» — корҳоеро, ки бар нафъи умум равона шуда, аз мояи ахлоқӣ бархӯрдор мебошанд, анҷом диҳад ва ба такомули зеҳнӣ ва тақвияти умури маънавии инсонҳо машғул гардад:
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.
Ҳакими роздони Балх адлу додро асли кори ҳукумат медонад. Аз нигоҳи ӯ, мусовот ва бародарӣ қадру қимати сиёсатро афзун мекунанд. Мардоне, ки аз ин дарс касби маърифат кардаанд, дар арсаи таърих ба мақоме расида, дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Ин маънӣ дар абёти зер бо сароҳат баён шудааст:
Подшоҳам, кори ман адл асту дод,
З-он хӯрам, ки ёрро ҷудам бидод.
Он чӣ онро ман нанӯшам ҳамчу нӯш,
Кай диҳам дархӯрди ёру хешу тӯш.
Ба андешаи ӯ, аксари инсонҳо маънии истилоҳи «таваккул»-ро дуруст дарк накардаанд. Таваккул дар сайру сулуки бепоёни маънавӣ зинае аз мақомоти инсон аст. Дар ин мақом инсон ба Худо эътимод мекунад ва масъулияти анҷоми корҳоро бар дӯши худ мегирад. Муҳаммад Ғазолӣ ин истилоҳро чунин шарҳ медиҳад: «Маънои таваккул эътимоди дил аст бар Худой». Ҳанӯз дар садри ислом Пайғамбар (с) ин дарсро ба муслимин дода буд, ки масъули анҷоми корҳои худ бошанд ва дар «Маснавии маънавӣ» борҳо бар ин маънӣ («Бо таваккул пойи уштурат бибанд») ишора шудааст:
Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар ҷаббор кун.
Ӯ бовар дорад, ки дар ҳар гуна кӯшиш умеде ё роҳе ба сӯи растагорӣ мавҷуд аст. Дар ҳар кӯшиш умеди раҳоӣ ва дар ҳар беамалӣ хатари фақру бечорагӣ ҷой дорад.
Инсон тавассути кӯшишу амал чархи зиндагиро мечархонад ва ба самти ҳадафҳои хеш меравад. Бидуни кору ҳаракат зиндагӣ моҳияташро аз даст медиҳад.
Дар ҳақиқат, рӯдхонаи афкори Мавлавӣ аз амвоҷи амалҳо ҷону ҷараён мегирад. Агар шиори дарё аз нигоҳи Иқболи Лоҳурӣ — «Ҳастам, агар меравам, Гар наравам, нестам» бошад, шиори ин шоири равшанбин, бешак, байти зер аст:
Андарин раҳ метарошу мехарош,
То дами охир даме фориғ мабош.
Олим БУХОРИЕВ, котиби масъули маҷаллаи «Суханшиносӣ» — и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон