29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус — Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро ба кор андохтанд.
Дар корхона асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешавад.
Марҳилаи аввали он моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар як сол имкони васлу насби 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дошт.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ доданд, ки дар 4 моҳи фаъолият дар корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла, трактори тамғаи «Беларус 82.1» — 48 адад, ядакҳо 29, испор 113, сихмола 2, тойбанд 16 ва заҳрпошак 2 адад васлу насб гардидааст.
Қаблан барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (присеп) ва дигар механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, миёни ҶСП «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буданд. Дертар, ҷиҳати ба кор андохтани марҳилаи дуюм бо ширкатҳои номбурда барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 512» иловатан шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Акнун, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», иқтидори пурраи он дар як рӯз ба 6 трактори гуногунтамға баробар гардид. Таъкид шуд, ки минбаъд мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон аст дар корхона дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб карда шавад. Истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла, ядак (присеп), ба 2600 адад баробар гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз ҷараёни васлу насби тракторҳо дар сехи калонтарини корхона, ки бо се хати васлу насби техникаҳои кишоварзӣ фаъолият менамояд, шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд ва санҷиши техникии аввалин тракторҳои истеҳсолшавандаро назорат карданд.
Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ, тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир, яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.
Дар корхона 50 нафар мутахассис фаъолият мекард, баъди ба кор андохтани марҳилаи дуюми он боз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар он ҷо барои омода намудани мутахассисони соҳа шароити хуб муҳайё гардидааст. Чор нафар мутахассиси таҷрибадор аз Ҷумҳурии Беларус ба корхона омадаанд, ки ба омӯзонидани кормандон машғуланд.
Инчунин, 2 корманди ҶСП «Агротехсервис» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск»-и Ҷумҳурии Беларус аз курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштанд. Дар давоми фаъолияти марҳилаи аввал дар корхона бинои марказии техникаҳои беларусӣ бунёд гардид ва дар он намоишгоҳи доимӣ ташкил карда шуд. Дар он номгӯйи гуногуни трактор ва техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба тамошо гузошта шудааст. Трактору дигар таҷҳизоти дар корхона васлу насбшаванда ба шароити Тоҷикистон ва барои истифода дар корҳои кишоварзӣ басо мувофиқ аст.
Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш пайдо менамоянд ва фаъолияти Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст, намунаи олии муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.
29 — уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ошноӣ пайдо намуданд.
Сарони ду давлат ба вазъи ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, шинос шуда, бо кормандони он суҳбат карданд.
«Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор меравад. Кормандони он дар ин соҳа таҷрибаи бой доранд. Соли 2017 хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла, «Ҳусайнӣ»- и сиёҳу сафед, «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш»- и сиёҳу сафед парвариш карда мешавад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, токзори хоҷагӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.
Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» баробари парвариши васеи намудҳои гуногуни ангур, ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ 4 ҳазор сар чорвои хурд ва беш аз 100 сар чорвои калони шохдор дорад.
Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфтааст, дорои 1100 саҳмдор аст. Барои нигоҳубини ангур низ дар хоҷагӣ шароити мусоид фароҳам мебошад. Чанд рӯз қабл, бо оғоз гардидани фаъолияти сардхонаи нав, иқтидори нигоҳдошти маҳсулот дар хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонида шуд. Акнун онҳо метавонанд қариб дар ҳама фасли сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд.
Дар хоҷагии деҳқонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоиро, ки аслан аз ангур омода мешаванд, тамошо намуданд.
Аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузошта буданд. Бояд гуфт, ки Турсунзода яке аз минтақаҳои асосии ангурпарварӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Танҳо дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов 312 хоҷагии хурд ва 2 хоҷагии бузурги ангурпарвар мавҷуд аст, ки саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат чашмрас мебошад.
Иброз гардид, ки дар бозорҳои хориҷи кишвар низ талабот ба ангури Тоҷикистон зиёд аст. Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ҳар сол ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия ангур содирот мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд ва барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус, бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии Беларус, дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
29 — уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Ватан», ки ду хоҷагии оилавиро муттаҳид мекунад, соли 2008 таъсис ёфта, 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.
Соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи пурсамари замин, хоҷагидорон аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парваришёфта ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш»- и сиёҳу сафед шинониданд, ки имрӯз аз он ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.
Дар токзори хоҷагӣ, ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой оварда шудааст, парвариш меёбанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 аҳли заҳмати хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ворид ва ба Қирғизистону Қазоқистону Федератсияи Россия содирот кардаанд. Соли равон бошад, ҷамъоварии 700 тонна навъҳои гуногуни ангур ва фурӯши он ба бозорҳои дохилию берунӣ дар нақша аст.
Дар назди хоҷагӣ, ҳамчунин, сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бо мақсади захираи маҳсулот бунёд гардидааст, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдорӣ мебошад. Таҷҳизоти сардхона, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, барои бо сифати баланд нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ аст.
Дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ 20 номгӯй ниҳоли ороишию мевадиҳанда парвариш меёбад, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пешниҳод мегардад.
Меҳмонони олиқадр таҷрибаи роҳбарияти хоҷагиро дар ангурпарварӣ намунаи ибрат ва дар фаровонии бозорҳои ҷаҳон муҳим маънидод карданд.
Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Душанбе омада буд, ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтиром Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.
www.president.tj