Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» сохторҳои давлатию ғайридавлатиро вазифадор кардааст, ки барои амалӣ намудани муносибатҳои ғайринақдӣ дар марказҳои хизматрасонӣ, савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шароит фароҳам оранд. Ин банди Қарори Ҳукумати кишвар то якуми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар бояд иҷро мешуд.
Гарчанде аз ба тасвиб расидани он 4 сол гузашта бошад ҳам, мушкили охирҳои ҳар моҳ ва аввалҳои моҳи нав дар назди банкоматҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» ҷамъ омадани издиҳоми зиёди мардум ва навбатпойии онҳо барои гирифтани маблағ тавассути кортҳои бонкӣ ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Дар аксар ҳолат кормандонаи соҳаҳои буҷетӣ, нафақагирон аз набудани маблағ дар банкоматҳо аз як нуқта ба нуқтаи дигар сарсону саргардон мешаванд. Ин мушкил, пеш аз ҳама, ба «Амонатбонк» дахл дорад, зеро аксари соҳибони кортҳо муштариёни он ҳастанд. Ба изофа, дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон як банкоматӣ насб шудааст, ки на ҳамеша фаъоланд.
Ҷалолиддин Қурбонов, сармуҳандиси шуъбаи ҳисобҳои ҳисоббаробаркунии шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, иброз дошт, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи кормандони бонк дар ҳамдастӣ бо Раёсати андози вилоят ду гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. «Моҳи ноябри соли 2017 ва моҳҳои феврал, марти 2018 гурӯҳи корӣ дар 182 маркази савдою хизматрасонӣ — нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, чиптаҳои ҳавопаймо, дорухонаҳо, тарабхона, меҳмонхона, беморхонаҳои хусусӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии фаросавтӣ (УЗИ), ки масоҳати умумии ҳар кадомашон беш аз 40 метри мураббаъро дар бар мегирад, санҷиш гузаронид. Дар натиҷа, муайян шуд, ки аз ин шумора 42 ададаш аллакай бо постерминалҳо таъмин мебошанд. Ба соҳибони боқимондаи нуқтаҳо огоҳинома дода шуд, ки дар давоми 25 рӯз марказҳоро бо постерминалҳо таъмин намоянд. Хушбахтона, баъди санҷиш шумораи постерминалҳо аз 42 ба 117 адад расид. Ҳамчунин, ба ҳама соҳибони нуқтаҳои хизматрасонӣ фаҳмонида шуд, ки постерминалҳо аз тарафи бонкҳо ройгон тақдим карда мешаванд. -Илова бар ин, ошкор шуд, ки дар нуқтаҳои тиҷоратӣ постерминалҳо дар ҷойи аз чашми мардум дур нигоҳ дошта мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки соҳибкорон намехоҳанд аз ин намуди хизматрасонӣ истифода баранд, — афзуд Ҷ. Қурбонов.
Номбурда, ҳамчунин, иброз дошт, ки хуб мешуд, корхонаҳои коммуналӣ низ ба тариқи ғайринақдӣ хизматрасониро ба роҳ мемонданд. Яъне, агар идораҳои барқ, об ва дигар ташкилоте, ки хизматрасонии коммуналӣ ба зиммаи онҳост, бо тариқи кортҳои бонкӣ хизматрасониро ба роҳ монанд, ба манфиати кор хоҳад буд. Дар он сурат байни муштариён ва корхонаҳои хизматрасон ҳар гуна баҳсҳо пайдо намешуданд, чунки маблағҳои пардохташуда дар бонк ба қайд гирифта мешаванд.
Бо мақсади таҳлили бештари масъала аз чанд корхонаи коммуналӣ дидан намудем. Мутаассифона, иҷрои қарори зикргардида дар бисёре аз онҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.
Дар КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки имкони ба тариқи кортҳои бонкӣ гирифтани ҳаққи хизматрасониро надоранд. Аммо тасмим гирифтаанд, ки аз соли 2019 ин корро ба роҳ монанд.
КДФ «Обрасонӣ ва канализатсия» ва Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар то андозае ба усулҳои навини пардохти ҳаққи хизматрасонӣ гузашта бошанд ҳам, то ба ҳол шароит муҳайё накардаанд, ки мизоҷон, аз тариқи кортҳои бонкӣ ҳисобро баробар кунанд.
Чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва марказҳои савдои шаҳри Бохтарро низ аз назар гузаронидем. Дар онҳо постерминалҳо мавҷуд буданд, аммо мутасаддиёни марказҳои хизматрасонӣ аз онҳо истифода намебурданд. Баъзе аз фурӯшандаҳо иброз намуданд, ки мардум на ҳамеша розианд, ки аз тариқи кортҳои бонкӣ маблағи ашёи харидаашон ё сӯзишвориро пардозанд. Асосан хориҷиён бо ин тарз пардохт мекунанд. Дар яке аз марказҳои савдои шаҳр корти бонкиро пешниҳод намуда, хоҳиш кардем, ки аз он ҳақ гиранд. Мутаассифона, фурӯшанда ҳатто намедонист, ки аз постерминал чӣ гуна истифода барад. Ӯ иқрор шуд, ки дар давоми фаъолияти корияш ман аввалин нафаре ҳастам, ки корти бонкӣ пешниҳод кардаам.
Шуҳрат Шоҳраҷаб — сардори шуъбаи нафақа ва кортҳои бонкии шуъбаи №42-и «Амонатбонк» дар вилояти Хатлон зикр намуд, ки хизматрасонӣ аз тариқи кортҳои бонкӣ аз соли 2010 шурӯъ шудааст. — Ҳоло дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ 261 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора зиёда аз 150 ҳазораш нафақахӯрон, 102 ҳазор кормандони ташкилоту муассисаҳо ва тақрибан 9,5 ҳазораш кортҳои бонкии шахсони воқеӣ мебошад. Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, яъне 14 шаҳру ноҳия, 32 банкомат ва 133 постерминал дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба мардум хизмат мерасонанд.
Номбурда, дар робита ба сабаби асосии дар назди банкоматҳо зиёд ҷамъ омадани мардум гуфт, ки ҳам маоши коргарон ва ҳам нафақаи пиронсолон дар як вақт гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат, албатта, норасоии пули нақд ба назар мерасад. Дар шаҳри Бохтар норасоии пули нақд сабаби дигар ҳам дорад. Мардуми шаҳру ноҳияҳои наздик ба маркази вилоят омада, маҳз аз он ҷо маблағ дастрас мекунанд.
Дар шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вобаста ба таъмини пули нақд мегӯянд, ки мушкил надоранд. Бо дархости филиали бонкҳои дар минтақа фаъолияткунанда онҳо сари вақт бо пули нақд таъмин карда мешаванд.
Мақсад аз гузаштан ба хизматрасонӣ низ аз тариқи кортҳои бонкӣ, ба вуҷуд овардани як навъ муомилоти муосир ва фароҳам сохтани шароити беҳтар барои мизоҷон аст. Яъне, шаҳрвандон, новобаста аз мавқеи ҷойгиршавӣ, тавонанд, ки аз маблағҳои бонкӣ истифода баранд. Мақсади дигар таъмини бехатарии маблағҳои дар дасти шаҳрвандонбуда мебошад.
Ҳарчанд дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расида бошанд ҳам, ҳанӯз кифоя нестанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бонкҳо, корхонаҳои коммуналӣ, соҳибкорон ва мақомоти марбутаи давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба ин масъала бештар намоянд. Бояд ба мардум фаҳмонд, ки кортҳои бонкӣ на танҳо ба хотири аз банкомат гирифтани музди меҳнат ва ё нафақа аст, балки бо онҳо метавон аз марказҳои савдо молу маҳсулот харид ва бо корхонаҳои хизматрасон ҳисобро баробар кард. Дар ин сурат ҳам мушкили сарбории банкоматҳо аз байн меравад ва ҳам одамон сарсон намешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»