Соли ҷорӣ (дар арафаи ҷашни Истиқлолият) дар ноҳияи Рӯшон се меҳмонхонаи хусусӣ — «Рӯшон», «Шайдо» ва «Наим» дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз намуданд. Дар матлаби зер кӯшиш намудем, ки аз бунёдгарон ва шароити фароҳамовардаи онҳо чанд сухан гӯем.
Меҳмонхонаи «Рӯшон» бо ташаббуси яке аз бонувони шинохтаи ҷумҳурӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005-2009) Қобиламоҳ Ғуломшоева мавриди истифода қарор гирифт.
- Пеш аз ба нафақа баромаданам ният доштам, ки барои сокинони ноҳия меҳмонхонаи замонавӣ бунёд кунам, зеро меҳмонхонаи пешина ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд.
Баъд аз он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, фурсати муносиб фаро расид. Маълум, ки дар заминаи ин иқдоми наҷиб вуруди сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурии мо зиёд мешавад. Мақсадамро ба ҳамсарам — Фотеҳ Саодатқадамов баён кардам ва он кас маро дастгирӣ намуданд.Ҳамин тариқ, дар назди хонаи падарӣ як меҳмонхонаи сеошёна сохтем.
Устоҳо шароити ҷуғрофии маҳал ва талаботи сайёҳонро ба инобат гирифта, дар ошёнаи якум барои онҳое, ки бо велосипед ё мошин ба тамошои Помир меоянд, ҳаммом, хонаи хӯрокхӯрӣ ва барои мошину таҷҳизоти техникиашон саройи алоҳидаро муҳайё карданд.
Дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраҳои яккаса, дукаса, як хона барои модару кӯдак, ду хона барои меҳмонҳои оилавӣ ва як хонаи «люкс» бо шароити муосир ба хизмати меҳмонон ва сайёҳон омода гардидааст.
Бояд гуфт, ки устоҳо ҳангоми муҷаҳҳазгардонии хонаҳо аз расму русум ва этнографияи мардуми кӯҳистон хеле моҳирона ва эҷодкорона истифода кардаанд. Бо дархости мизоҷон дар ин ҷо хӯрокҳои маҳаллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешавад.
Ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам, ки ин кори хайр бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман гранти президентӣ ҷудо карданд, амалӣ гардид, — гуфт Қ. Ғуломшоева.
Меҳмонхонаи «Шайдо» бошад, калонтарин дар ноҳияи Рӯшон ба ҳисоб рафта, дар маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Ин ҷо макони истироҳати меҳмонон ва аҳолии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Иншооти мазкур аз се ошёна, болохона ва 15 ҳуҷра иборат буда, дорои шароити зарур мебошад.
- Азбаски бештари сайёҳону меҳмонон ба тамошои хонаи бадахшонӣ таваҷҷуҳ доранд, дар ошёнаи сеюм хонаи бостонӣ сохта шудааст. Дар он барои гузаронидани вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, семинару конференсияҳо шароит муҳайё гардидааст. Ният дорем, ки дар болохона таҷҳизоти варзишӣ барои обутоби бадан, мизи теннис ва билярд низ гузорем, — гуфт соҳибкор Назархудо Дастамбуев, ки бунёдгузори ин меҳмонхона аст.
Ба ҳамин монанд, дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон бо ибтикори фарзандони яке аз шахсиятҳои номдор, шодравон Наим Мируллоев тарабхона — меҳмонхонаи дуошёнаи «Наим» мавриди истифода қарор гирифт. Меҳмонхона аз 20 ҳуҷраи дорои шароити муосир иборат мебошад. Дар ошёнаи якум мағоза ва қаҳвахона мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуюм тарабхонаи замонавӣ дар шакли хонаи бадахшонӣ сохта шудааст, ки ҷойи гузаронидани тӯйи арӯсу домод, чорабиниҳои фарҳангӣ ва семинару конференсияҳо маҳсуб мешавад. Дар баробари ин, сайёҳон ва истироҳаткунандагон метавонанд аз хизмати тарабхонаи «Наим» истифода баранд.
Тавре гуфтем, дар ҳар се меҳмонхона хонаи бадахшонӣ сохта шудааст, зеро ҳар меҳмон ё сайёҳе, ки ба Бадахшон сафар кунад, аввал ӯро дар хонаи аҷдодӣ меҳмондорӣ мекунанд. Ин маъниро Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд чунин ба қалам додааст:
Ту ҳар кӣ бошӣ, зи Хатлон ё Зарафшонӣ,
Ту аз Хуҷанд ё Ҳисору Раштонӣ,
…Биё, ки ман намаку нони ту басо хӯрдаам.
Зи ҳарфу суҳбати ту лаззате басо бурдаам.
… Агарчӣ хотирам аз муфлисӣ парешон аст,
Биё, ки чашм ҳанӯзам дар роҳи меҳмон аст.
Биё, чу дӯст биё, чун бародари ҷонӣ,
Ки ҷои дӯст бувад хонаи бадахшонӣ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ, аз ҷумла, гуфта буданд:
«…Ҳар сол шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ барои тамошои мавзеъҳои камназир ва табиати нотакрори вилоят меоянд.
«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 ба рушди ин соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят аз 6 ба 24 расид. Ҳоло бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва фароҳам овардани шароити меҳмонхона дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба ҳукми анъана даромадааст, ки барои дигар манотиқи кишвар намунаи беҳтарин мебошад.
Имрӯз шумораи чунин меҳмонхонаҳои хурд дар ҳудуди вилоят ба 150 расида, барои садҳо оила сарчашмаи даромади иловагӣ ва ҷойи кор муҳайё гардидааст».
Дар ҳақиқат, баъди эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сафи сайёҳон ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хеле афзуд. Сайёҳони хориҷӣ ба тамошои кӯлҳои асрорангез, кӯҳҳо, пиряхҳо, сайёҳии экологӣ ва табобатӣ, кӯҳнавардӣ, моҳидорӣ, қаиқронӣ дар дарёҳои пурталотум, табобат бо обҳои маъдании шифобахш ва ғайра шавқи зиёд доранд.
Кӯли Сарез, ки дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон воқеъ аст, солҳо боз диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст. Ҳар сол даҳҳо табиатшинос, кӯҳшинос, зилзиласанҷ, этнограф ва эколог барои омӯзиши ин кӯл омада, то фаро расидани фасли сармо ба таҳқиқот машғул мешаванд. Ҳангоми сафар онҳо кӯфти роҳро дар маркази ноҳия мебароранд. Бар замми ин, бештари ронандагоне, ки мусофирон ва борҳои ниёзи аввали мардумро ба шаҳри Хоруғ ё ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб мебаранд, ҳатман дар ин меҳмонхонаҳо хастагиашонро рафъ месозанд.
Умед аст, ки соҳибкорону мардони боҳиммати рӯшонӣ шумораи меҳмонхонаҳои хусусиро сол то сол зиёд мекунанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»