Як сол қабл дар рӯзнома бо унвони «Рӯди ман, олам дигар шуд» мақола ба табъ расида буд, ки дар он аз вазъи ҳузнангези рӯди Душанбе сухан рафта, муаллиф дар баробари тавсифи боғу гулгаштҳои биҳиштосо ва ифтихор аз зебоиҳои солҳои охир бавуҷудомадаи пойтахти кишвар орзу менамуд, ки рӯзе рӯди Душанбе ва атрофи онро низ зебову дилкаш бинад.
«Беш аз 20 сол мешавад, ки рӯзе чанд маротиба аз тирезаи дафтари корӣ ҷониби рӯди Душанбе дида дӯхта, аз дил мегузаронам: Оё замоне фаро мерасида бошад, ки нигоҳи мо ба сангҳои тираранг ва алафҳои хушкидаи он барнахӯрда, нороҳатамон насозад?!»- навишта буд муаллиф. Дар рӯзи дигари чопи мақола тракторе дар дохили рӯд пайдо гардида, ба решакан кардани дарахтон ва ҳамвор намудани қаъри он оғоз кард. Онҳое, ки мақоларо мутолиа намуда буданд, пиндоштанд, ки тир ба ҳадаф расида ва ободонии рӯди Душанбе оғоз ёфт. Дарахтони назди НФМ-и «Сим-сим» решакан ва сангҳо ҳамвор гардиданд. Аммо пас аз ду-се рӯз трактор ғайб зад ва бо мурури вақт рӯд ба ҳолати пешинаи худ бозгашт…
Табиати инсон чунин аст, ки дар ҳолатҳои яъсу ноумедӣ, ва ҳатто пас аз дидани хобҳои ваҳмангез сӯи дарё мешитобад то хоб ба оби равон гӯяду бо тамошои ҷӯшу хурӯши мавҷҳои об қалбу рӯҳи худро ором мебахшад. Барои бархе соҳили рӯд ҷои варзиш аст, барои бархе — сайру тамошо ва барои гурӯҳи сеюм — ҷойи табобат.
Эътироф бояд кард, ки имрӯз қисматҳои гуногуни соҳили дарё обод гардидааст. Вале қариб ягон ҷойи мавзеи байни соҳилҳо ба дарозои дарё тамошобоб нест.
Мегӯянд, ки дар даврони шӯравӣ нисбат ба ин рӯди ҷонбахш бетафовут набудаанд. Тибқи нақша рӯди Душанбе бояд зина-зина ба қисматҳо ҷудо гардида, ҳавзҳоро ба вуҷуд меоварад, ки дар байнашон дарвозаҳо сохта мешуд. Хиштҳои бетониеро, ки ҳар ҷо-ҳар ҷо ба назар мерасанд, осори ҳамон айём медонанд.
Ободонии рӯди Душанбе харҷи маблағи бузургро тақозо дорад, аз ин рӯ, муаллиф пешниҳод намуда буд, ки дар ин масъала такя ба соҳибкорон бояд кард: Рӯдро барои истифода ва баҳрабардорӣ ба муҳлати муайян ба онҳо тақсим намудан беҳтар аст.
- Сайёҳони мамолики ғарб асосан ба хотири ду неъмате, ки дар кишварҳои Шарқ арзонист, ба ин манотиқ меоянд: об ва офтоб. Аз ин рӯ, рӯди Душанбе метавонад дар ривоҷи сайёҳӣ дар Тоҷикистон нақши назаррас дошта бошад, — мегӯяд соҳибкор Илҳоми Нозир аз Федератсияи Россия. — Чанде пеш бо чанд тан ҳамватанони собиқамон, ки дар солҳои нооромии кишвар тарки Тоҷикистон намуда буданд, шинос гардидам. Онҳо то имрӯз дарёи Душанберо, ки «Душанбинка» меномиданд, ба ёд меоранду орзуи бори дигар дар ин дарё оббозӣ карданро доранд. Обод кардани дарёи Душанбе барои сокинони худи шаҳр ва буҷети шаҳру ҷумҳурӣ низ манфиати зиёд хоҳад дошт.
- Соҳили дарё бояд ҷои дамгирӣ бошад,- мегӯяд сокини пойтахт Акрам Каримов. Ба маҷрои об нигоҳ кардан асабро оромӣ мебахшад. Умуман, барои пиронсолон қадам задан ё нишастан дар соҳили дарё беҳтар аз истеъмоли ҳар гуна доруҳост. Бинобар ин, дар соҳили дарё нишастгоҳҳо бунёд намудан лозим аст. Ман баъзан ҷои нишаст намеёбам…
Хуллас, имрӯз ҳам рӯди Душанбе ҳамон мисраи машҳури «Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон ҳастӣ, ҳамон…»-ро ба ёд меорад.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»