ДУШАНБЕ. (Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум») Тибқи иттилои маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик», ба шарофати мусоидии боду ҳаво шуруъ аз 25 феврали соли ҷорӣ таъминоти мардуми навоҳии ҷумҳурӣ бо барқ ба 12 соат расида буд. Инак, боз хабари тозае расид, ки мутобиқи он ин рақам ба 18 соат боло бардошта мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳафтаҳои оянда маҳдудияти қувваи барқ батамом аз байн биравад.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон