Барқияи тасаллият

№141 (3935) 22.11.2018

21 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани  теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи  ин ҷониб гардид.

Мо ин аъмоли ғайриинсонии террористонро қатъиян маҳкум карда, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор медорем ва ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».

www.president.tj