Бисту дуюми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар — машварат доир ба мавзӯъҳои «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Мирализода оид ба масъалаи аввал маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад ва ин рамзи давлатдорӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар шаҳрванди кишвар маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор намудан аз давлату давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Дар робита ба масъалаи дувум корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Бахтиёр Шамолов гуфт, ки ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз зуҳуроти номатлуб ва мушкилоти глобалӣ ба ҳисоб меравад ва танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад барои аз байн бурдани он мусоидат намояд.
- Бо дарки таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи давлат парламенти кишвар зина ба зина қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қону-нигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намудааст, — зикр кард ӯ.
Номбурда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро модда ба модда шарҳ дода, изҳор дошт, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм истифода бурдани танҳо воситаҳои маҷбурии хусусияти ҳуқуқидошта роҳи ҳалли пурраи масъала нест, балки роҳандозӣ намудани маҷмӯи чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии муштараки давлатҳои минтақа ва ҷаҳон низ зарур аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»