Коршиносон зимни таҳқиқоти вижае соҳаи туризмро баъд аз фурӯши нефт ва автомобилсозӣ дар ҷои сеюм қарор додаанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ метавонад дар ин бахш дар миёни давлатҳо ҷойгоҳи хос дошта бошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ин соҳаи сердаромаду муаррификунандаи кишварро то қадри имкон рушд бахшад ва бо ин мақсад Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва додани имтиёзҳои зиёди андозӣ дар ин самт далели таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат ба соҳа мебошад.
Чанде пеш бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Ориент Адвентур» саёҳати рӯзноманигоронро ба шаҳри Ҳисор ташкил намуд.
Тибқи барнома, саёҳат аз шаҳри Душанбе оғоз гардид. Роҳбалади мо, корманди кумита Суҳроб Абдуллоев шаҳри Душанберо шаҳри гулҳо, сулҳ, диёри дӯстию бародарӣ ва макони орому осудаи зиндагии одамон ном бурд. «Воқеан, пойтахти Тоҷикистон ба маконе мубаддал гашта истодааст, ки ба ҳар нафари аз гӯшаҳои ҷаҳономада ҳаловат ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ҳоло оромӣ, озодагӣ ва зебоии Душанбе дар ҷаҳон вирди забонҳост», — гуфт ӯ.
Барои тақвияти андеша суханони хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Беларус — «БелТА», Елена Прусро, ки ба Тоҷикистон омада буд, иқтибос овард:
- Мафтуни зебоии шаҳри Душанбе гардидам. Ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ аз фаввораҳои зебо ҳаловат бурдаму аҳромҳои бузурги аз харбузаю тарбуз сохташударо тамошо намудам.
Лаззати меваҳо, нону ош, самбӯса ва қурутоби тоҷикӣ то дер боз аз даҳонам нарафт. Майдони «Дӯстӣ», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, майдони «Нишони давлатӣ», яке аз баландтарин пояи Парчам дар ҷаҳон ва Кохи Наврӯз аз ҷойҳои тамошобобанд.
Роҳи шаҳри Ҳисорро пеш гирифтем. Иншооте, аз қабили майдонҳои варзишӣ, чойхонаи «Харбуза», Қасри фарҳанг, Китобхона ва Осорхона, меҳмонхонаҳо ва як қатор хонаҳои баландошёна, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ мебошанд, таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб карданд, ки боварӣ ба фардои боз ҳам дурахшони кишварро тақвият мебахшад. Бегуфтугӯ, муҳимтарин мавзеи сайёҳӣ дар ин минтақа Қалъаи Ҳисор ба шумор меравад.
Роҳбалади мо ҳангоми тамошои ин мавзеъ гуфт: «Перомуни пайдоиши Қалъаи Ҳисор ақидаҳо зиёданд. Баъзеҳо ривоят мекунанд, ки онро Таҳмураси Девбанд бунёд гузоштааст. Таҳмурас дар тали ғозиён як гӯшаи ҷаннатро дида, моту маҳбут гардид. Ҷойи қалъаро ба нақша гирифту бо сарлашкарон ва аҳли шаҳри Шоҳа машварат орост. Сухани Таҳмурасро пазируфтанд ва ба девҳо амр карданд, ки ба бунёди қалъа шурӯъ намоянд. Ба ин кор лашкариён ва мардуми таҳҷоӣ низ шарик шуданд. Онҳо чанд сол заҳмат кашида, бомашаққат масолеҳ меоварданд. Он замон қалъаро «диж» ё «диз» мегуфтанд. Мегӯянд, ки Таҳмурас дар диз 30 сол подшоҳӣ кард. Дар аҳди ӯ волоияти адлу инсоф ва ҳақиқат таъмин буду ҳатто миёни девҳою одамон робитаи дӯстӣ вуҷуд дошт. Дар асрҳои VII Ҳисор ҳамчун давлати мустақил ва дижи мустаҳкам дар шафати давлатҳои Ҷағониён ва Аҳорун арзи вуҷуд дошт».
Дар замони истиқлолият дар заминаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ имконпазир шуд. Дар натиҷа, деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 дӯкони гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихӣ бунёд ва навсозӣ шуданд.
Баъди боздид аз ин маконҳои тамошобоб бори дигар боварӣ ҳосил гардид, ки Ҳисори Шодмон воқеан диёри зарнисор ва дорои намои пуршукӯҳу мардуми меҳмондӯст аст, ки меҳмононро мафтун мекунад.
Пас аз нисфирӯзӣ рӯзноманигорон ба шаҳри Душанбе омада, бо муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ҳамсуҳбат шуданд. Номбурда зикр кард, ки эътироф гардидани сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, шомил гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ва рушди сайёҳии дохилӣ, эътироф гардидани баъзе минтақаҳои кишвар ҳамчун минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ боиси ба вуҷуд омадани заминаи мукаммал барои пешрафти соҳа гардид. Аз суханони ӯ бармеояд, ки самтҳои афзалиятноки соҳа сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор меравад.
Эътироф гардид, ки бештару беҳтар тарғибу ташвиқ гардидани имкониятҳои сайёҳӣ аз ҷониби кормандони воситаҳои ахбори омма барои ҷалби бештари сайёҳон мусоид менамояд.
Саёҳати рӯзноманигорон дар шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор хубу хотирмон сипарӣ гардида, дар оянда густариш бахшидани ин раванд муҳим ва муфид арзёбӣ шуд.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»