29 ноябри соли равон дар бинои Парлумони Аврупо, воқеъ дар шаҳри Брюссел, ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд.
Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, Садриддинзода Бадриддин Талбак, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Ҷаббор Ахмедов, Хайрулло Суфиев, Насиба Содиқова, Шарофиддин Сироҷов) таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва ҷониби Иттиҳоди Аврупоро ҳайати вакилони Парлумони Аврупо таҳти раёсати Ивета Григуле — Петерс, роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагӣ карданд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни ҷаласа масоили марбут ба ҳадафҳои афзалиятноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», вазъи сиёсӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи маъюбон дар ҷомеа, волоияти қонун ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, ба масъалаҳои байналмилалию минтақавӣ, ба монанди мубориза бо терроризм, экстремизм, вазъият дар Афғонистон ва нақши Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳо, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, ҷонибҳо масоили рушди кишоварзӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Садои мардум»