Барқияи тасаллият

№146 (3940) 04.12.2018

Якуми декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари реҳлати собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид.

Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».

www.president.tj