Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2017) бори дигар таъкид доштанд: «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳо танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошад».
Мақолаи «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» («Садои мардум» № 101 (3895) аз 18 августи соли 2018)-ро маҳз дар партави ҳамин дастури Пешвои миллат навишта, интизор будем, ки Вазорати нақлиёт баҳри амалисозии масъалаҳои ба миёнгузоштаи Паёми Сарвари давлат кӯшиш намуда, фаъолияти ваколатдиҳии хешро ба ташкилотҳои зертобеаш мувофиқи талаботи қонунҳо ба танзим медарорад. Аммо баъди мутолиаи ҷавоби вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Х. Худоёрзода («Садои мардум» аз 11 октябри соли 2018 № 123 (3917) интизориҳои доштаамон барбод рафтанд. Чунки вазири муҳтарам дар аввали ҷавоб бо сарфи назар кардани «иҷрои баъзе аз масъалаҳои низомнома» кӯшиш ба харҷ додаанд, ки масъалаи ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиётро ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҳақ бароранд. Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танҳо мутааллиқи КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» маънидод намоянд.
Ба масъалаи ваколатдиҳии Вазорати нақлиёт мувофиқи талаботи қонунгузорӣ шакку шубҳае надорем. Дар мақола сухан танҳо дар бораи риоя нагардидани ҳадду ҳудуди ваколатдиҳӣ мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ меравад. Агар талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 20) ва Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (банди 6) риоя мегардид, ҳамаи шаш вазифаи асосии Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки дар оинномаи корхона дарҷ ёфтаанд, аз сархатҳои 1, 2, 3, 4, 13, 18-и банди 4 ва 39-и банди 5-и Низомномаи Вазорати нақлиёт рӯйбардор карда намешуданд. Илова ба ин, шахсан роҳбарони муассисаи давлатии номбурда дар мусоҳибаи ҳафтаномаи «Нақлиёт» — нашрияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Зарурати идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ» ва мақолаи «Нақлиёт танзим мехоҳад» пурра аз худ намудани вазифаҳои Вазорати нақлиёт дар соҳаи нақлиёти автомобилиро тасдиқ менамоянд. (Нигаред ба ҳафтаномаи «Нақлиёт» № 1 (857) аз 12.01.2018 ва № 10 (866) аз 06.04.с.2018).
Суди конститутсионӣ ҳалнома не, балки тибқи моддаи 55-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор, хулоса ва таъинот қабул менамояд. Мувофиқи моддаи 63-и ҳамин қонуни конститутсионӣ «санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз тарафи Суди конститутсионии ҶТ ба таври расмӣ шарҳ дода мешаванд».
Вобаста ба ин, ба андешаи мо, хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷавоб зикр намудед, муҳтарам вазир, барои худсафедкунӣ ва ҳақ баровардан ягон зарра асос шуда наметавонад. Шуморо зарур буд, ки пеш аз навиштани ҷавоб ба иқтибоси аз Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмунан овардаи мо ва нусхаи аслии қарори номбурда дақиқтар назар андозед. Он аз ду ҷумлаи алоҳида ва мустақилмаъно иборат аст. Ҷумлаи аввали он бемуҳобот ба ташкилотҳои нақлиётии зертобеи Вазорати нақлиёт дахл дорад. Зеро дар он навишта шудааст, ки «вогузор намудани ваколат ба ташкилотҳои нақлиётии зертобеъ бояд пурра ва дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда сурат гирад». Магар фаҳмидани ҳамин таъкиди Суди конститутсионӣ ягон мушкилӣ дошт?
Фақат фаромӯш набояд сохт, ки мувофиқи талаботи банди сеюми моддаи 60-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «иҷрои санадҳои Суди конститутсионӣ аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки санадҳои судӣ ба онҳо дахл дорад, ҳатмӣ мебошад».
Рости гап, пешакӣ медонистем, ки Вазорати нақлиёт факту рақамҳо ва далелу ваҷҳҳои бо қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноккардаи моро танҳо дар асоси фармоишҳояш рад мекунад. Дер боз мушоҳида месозем, ки роҳбарияти вазорат ҳаракатҳои ғайриқонуниро маҳз бо роҳи боло гузоштани қувваи қонунии фармоишҳо аз қонуну қарорҳои Ҳукумати мамлакат рӯйпӯш карданӣ мешавад. Чунин тарзи ҷавобнависию хулосабарориҳо барои масъулини Вазорати нақлиёт одати доимӣ гардидааст. Аз рӯи ҳамин одат дар ҷавоб моро ба он муттаҳам сохтаанд, ки «бо вуҷуди тибқи қонунгузории ҷорӣ ҳама тартиботи зарурӣ вобаста ба таъмини иҷрои «Дастурамал оиди тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди роҳхат» анҷом дода шудааст ва тайи 7 соли охир мавриди амал қарор дошта, ба ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» борҳо шарҳи ҳуқуқии он манзур гардидааст, ҳанӯз ҳам корпоратсия норозигии худро идома медиҳад. Вазорати нақлиёт нисбати ягон амру пешниҳод ва эътирозҳои Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти назоратӣ беэътиноӣ ва ё бепарвоӣ зоҳир накарда, сари вақт бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷавоб гардонидааст».
Дуруст аст, ки дар тӯли ҳафт соли охир дар бобати мувофиқат накардани «Дастурамал оиди тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди роҳхат», «Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» ба талаботи қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати кишвар борҳо ба Вазорати нақлиёт муроҷиат кардем. Аммо ҷавобҳои гирифтаамон бинобар паст задани қадру шаъни қонуну қарорҳои Ҳукумат ва боло нишон додани эътибори ҳуқуқии фармоишҳои Вазорати нақлиёт моро қаноатманд насохтанд. Барои он ки эътибори ҳуқуқии қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фармоишҳои Вазорати нақлиёт баландтар аст. Мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» яке аз талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътибори ҳуқуқиашон баландтар мебошад. Дар ҳамин асос фикру ақида ва хулосаҳои иброздошта дар ҷавоб ба мақолаи зикршуда ботиланд ва ягон асоси қонунӣ надоранд.
Нағз дар хотир дорем, ки 21 ноябри соли 2011 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёт бинобар ғайриқонунӣ буданашон дар бобати бекор кардани се фармоиши вазири нақлиёт, № 143 аз 13 сентябри соли 2011 «Дар бораи муваққатан истифода бурдани нархномаҳои номиналӣ», № 61 аз 22 июни соли 2011 «Оиди тасдиқи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», № 75 аз 12 июли соли 2011 «Оид ба тасдиқи Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роҳхат» эътироз пешниҳод кард. Дар робита ба ду эътирози аввал зикршуда Вазорати нақлиёт бечунучаро камбудиҳоро бартараф намуд. Аммо бо сабабҳои номаълум эътирози сеюм то ҳол бе иҷро мондааст.
Тақдири ин фармоишро Вазорати нақлиёт мувофиқи тартиби муайяннамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл накард. Дар эътирози сеюм маҳз бекор кардани фармоиши номбаршуда бинобар ғайриқонунӣ будан ба миён гузошта шуда, дар ин бобат моддаи 25 қонуни мазкур чунин муқаррарот дорад: «Прокурор дар эътирози худ масъалаҳои бекор кардани санад, ба қонун мутобиқ гардонидани он, инчунин қатъ кардани амали ғайриқонунии шахсони мансабдор, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшударо ба миён мегузорад. Эътирози прокурор амали санади аз болояш эътироз овардашударо бозмедорад ва онро бояд мақомоти дахлдор ё шахси мансабдор на дертар аз 10 рӯзи баъди ворид шуданаш ҳатман баррасӣ намояд».
Тартиби баровардан, дастраснамоӣ, истифода ва коркарди роҳхату борхат, пеш аз ҳама, ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №32 аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасондаи ин гуна маҳсулоти чопӣ» мухолиф мебошад.
Фаҳмиши мазмуну муҳтаво, шарҳу баёни ноуҳдабароёнаи ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мутахассисон ва роҳбарони Вазорати нақлиёт моро моту мабҳут сохт. Чаро онҳо фаҳмидан намехоҳанд, ки талаботи қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як паҳлую як маъно дорад? Дар ин робита гуфтанием, ки фикру ақидаҳои дар ҷавоб ба мақола баённамудаи Х.Худоёрзода ғаразноканд. Чунки мувофиқи таъиноти Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №696 аз 30 декабри соли 2009 тасдиқ шудааст, шакли роҳхату борхатро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунаду тибқи қарори 32-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, ки дар боло зикраш рафт, вазорат, идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхона, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон онҳоро аз муассисаҳои чопии махсусгардонидашуда дастрас менамоянд.
Чӣ тавре ки шумо гумон дореду дар ҷавобатон дарҷ намудаед, муаллифони мақола таъиноти моддаҳои 313 ва 315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар накардаанд, баръакс ишора дар мақолаи «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» бобати дар санади таъсисотии муассиса машғул шудани он ба соҳибкорӣ пешбинӣ нагардидааст, маҳз дар такя ба муқаррароти моддаҳои 132 ва 315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудаанд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 335 аз 5 июли соли 2017 «Дар бораи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва Оинномаи он мутобиқи моддаи 132-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва тасдиқ карда шуданд. Моддаи 132-и Кодекси мазкур машғул шудани муассисаро ба вазифаҳои хусусияти тиҷоратидошта манъ мекунаду моддаи 315 бошад, ба машғул шудани муассисаҳо ба фаъолияти даромаднок ба шарте иҷозат медиҳад, ки он дар санади таъсисотӣ пешбинӣ шуда бошад.
Наход, ки муқаррароти банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи МД «Нақлиёти автомобилии ва хизматрасонии логистикӣ» Вазорати нақлиётро вазифадор намуда бошад, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-ро аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии соҳа амалӣ намоянду ба он фаъолияти тиҷоратиро ғайриқонунӣ иҷозат диҳад? Ба фикри мо, муқаррароти мазкур ба маблағҳои барои хизматрасонии соҳа ҷудокардаи давлат мансубият дорад.
Муътақидем, ки ин қонуншиканиҳо ва баҳсу мунозираҳои беохир маҳз аз он сарчашма мегирад, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-ро тибқи талаботи банди 2-и Қарори таъсисотии муассиса ҳал карда натавонист. Онро бо воситаҳои зарурии хизматрасонӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама, воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофиркашонию боркашӣ, базаҳои технологӣ, воситаҳои таъмири техникӣ таъмин насохт.
Мо фикру андешаҳоямон дар асоси талаботи қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён сохтем. Шояд баъди ин андешаи Х. Худоёрзода «дар бораи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд» дигар шавад? Дар охири ҷавоб ба мақолаи зикршуда шумо қайд кардаед: «хуб мебуд агар ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» ба ҷои эътирозҳои беасос дар қатори дигар соҳибкорону ширкатҳои хусусӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ аз қабили терминал, корхонаю муассиса ва воридсозии нақлиёти муосири замонавӣ дар рушди соҳа саҳми худро мегузоштанд, иқдоми боиси таҳсин мегардид». Рости гап шунидани чунин суханон аз шахсе, ки бурду бохти соҳаро хуб дониста, аз муваффақиятҳою дастовардҳои меҳнатии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» ва саҳмдорону аъзояш огоҳӣ дорад, бароямон хеле аламовар мебошад.
Бо ҷиддият таъкид месозем, ки дар баробари баёни эътирозҳои бо қонун асоснок кардашуда, роҳбарияти ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» баҳри бунёди инфрасохтори замонавӣ терминалҳо ва корхонаю муассисаҳо, азнавсозию таъмиру тармими онҳо, махсусан мувофиқи таъиноташон истифодабарии иншооти нақлиётӣ пайваста саъю кӯшиш менамояд. Зери роҳбарӣ ва бо дастгирии роҳбарияти ин ҷамъияти саҳомии кушода аъзои он дар шаҳри Турсунзода терминали замонавии «Ваҳдат-2012»-ро ба истифода доданд, ки баъди терминали марказии шаҳри Душанбе дар ҷумҳурӣ назирашро пайдо кардан ғайриимкон мебошад. Дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе (маҳаллаи Нодира) дар як ҷои ноободу партовгоҳи маишии сокинон терминали «Маром» бунёд ёфт. Терминали мусофирбари ноҳияи Шаҳринав пурра аз нав сохта шуда, сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист. Бинои филиали № 8-и ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар», ки дар гузашта ҳоли табоҳ дошту имрӯз баъди азнавсозӣ фаъолияти қобили мулоҳиза дорад. Саҳни «Терминали мусофирбарии шаҳри Ҳисор» пурра мумфарш карда шуда, бинои он аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Терминалҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Файзобод симои худро ба куллӣ дигар сохтанд.
Ҳамаи ин дар ҳолест, ки дар минтақаҳои Рашту Кӯлоб, Бадахшону Бохтар бисёр терминалҳои мусофирбарии мавҷуда вазъияти харобу ҳузнангез доранд. Дар водии Рашт ягон терминал фаъолият надорад. Терминали марказии шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғ ба маркази савдо табдил ёфтааст. Дидани терминалҳои мусофирбарии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Ҷайҳун ва ғайра риққатовар мебошад. Соҳибмулкони терминалҳои мусофирбарии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ёвон, ки саҳмдорон ва аъзои ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» мебошанду иншооти нақлиётиашон дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва ҷойҳои барои маркази савдо ва бозор мувофиқ ҷойгиранд, метавонистанд онҳоро ба бозору марказҳои савдо табдил дода, даромади бештар ба даст оранд.
Муҳтарам вазир! Бо сафедро сиёҳ гуфтан, ҳеҷ гоҳ сафед сиёҳ намешавад. Ба эътибор нагирифтани хизматҳои мутахассисон ва роҳбарияти ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» оё аз рӯи адолату инсоф аст? Магар фаъолияти онҳо шоистаи таҳсини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Худоёрзода шуда наметавонанд?
С. Гулов, И. Қараев, Т. Тошов, М. Хоҷаев, кормандони ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»