Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи баргузории муҳокимаи парламентӣ

№150 (3944) 18.12.2018

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декаб­ри соли 2017» аз 19 январи соли 2018, № 565/1», аз 16 феврали соли 2018, № 513 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 19 декабри соли 2018, соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

2. Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнмипарламентӣ (Имомзода М. С.) ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ (Шамсзода А. С.) ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 декабри соли 2018, № 661