Шиносоии Пешвои миллат аз «Боғи миллии Тоҷикистон»

№150 (3944) 18.12.2018

45600801524_07a53712b1_o15 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар «Боғи миллии Тоҷикистон», воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт, шинос шуданд.

Муассисаи давлатии «Боғи миллии Тоҷикистон» соли 2006 дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил гардид.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздик ба 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб доранд. Ҳосили боғи мазкур асосан ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар ин ҷо дар масоҳати наздик ба 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ низ парвариш карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар аз дарахтони дар боғ парваришшуда истифода баранд.

Супориш дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани боғҳои «Қасри миллат», ба номи Садриддин Айнӣ, «Фирдавсӣ», «Рӯдакӣ», «Ҷавонӣ», «Аҳмади Дониш», «Алишери Навоӣ», «Парчам» ва «Нишони давлатӣ», «Ирам», «Наврӯзгоҳ», атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва дигар боғҳои пойтахт беш аз 100 ҳазор дарахти ороишӣ бурда шинонанд.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти Муассисаи давлатии «Боғи миллии Тоҷикистон» барои то ба 180 гектар васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони бузурги дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дастур дода шуд. Таъкид гардид, ки барои ба як боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад.

Дар оянда ин мавзеъ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ба як маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ барои сокинон бо тамоми шароит табдил дода мешавад.

Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365, сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 67 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахт, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.

Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногун, аз ҷумла сосна, моржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшодро парвариш кардаанд.

Ба изофа, дар муассисаи мазкур ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектар замин гармхонаҳои парвариши лимӯ сохта шудааст.

Дарахтони нодири ороишӣ аз хориҷ ворид ва дар ин ҷо минтақабоб карда мешаванд.

Соли 2017 барои боғҳову хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз тарафи Боғи миллӣ беш аз 60 ҳазор, имсол бошад, 25 ҳазор гули сабдарг ҷудо карда шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Тоҷикистон» беш аз 100 нафар доимӣ фаъолият мекунанд. Дар вақти ҷамъоварии ҳосили боғ боз даҳҳо нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комил дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар боғҳои нав бунёд гардида истодаанд.

 www.president.tj