14 декабри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ таъкид ва ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза ба зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бадастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ — техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии СААД ба шумор меравад, ҳамчунин, мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд.
Дар робита ба фаъолияти самарабахши СААД ҷонибҳо мавзӯи таъин гардидани номзадии котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштанд.
Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ баррасӣ шуданд.
www.president.tj