Баромаду вазифагузориҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз 15 ноябри соли 2017 («Садои мардум», №137- 138 аз 18 ноябри соли 2017) барои нафақахӯроне, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба нафақа баромаданд, хеле умедворкунанда буд. Зеро дар он суханҳое гуфта шуданд, ки нафақахӯрон ва шахсони ба синни нафақа расида интизорӣ мекашиданд. Барои мисол чанд иқтибос меорем:
«Пешвои миллат мекӯшанд, ки қариб ҳар сол андозаи нафақаро андаке ҳам бошад, зиёд намоянд. Мо бояд коре кунем, ки ҳисоби миёнаи нафақа ақаллан бо музди маоши камтарин баробар карда шавад. Дар акси ҳол нафақагир бо чунин нафақа зиндагӣ карда наметавонад».
«Аз назари ман барои онҳое, ки имрӯз ба нафақа мебароянд, муқарраротеро ба кор бояд бурд, ки барояшон то ба ин андоза нафақаҳои паст таъин нашаванд… Адолати иҷтимоиро барқарор кардан шарт ва зарур аст».
«Агар аз рӯи виҷдон гап занем, бояд нафақа бо сабади истеъмолии моҳона баробар бошад. То ин ки шахси нафақахӯр тавонад бо он рӯз барад. Ана он вақт дар бораи ҳифзи воқеии иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин мебуд»…
Раиси Маҷлиси намояндагон роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки оид ба вазъи воқеӣ ба Маҷлиси намояндагон маълумот пешниҳод намоянд ва таъкид доштанд: «…зеро бо чунин ҳолат дигар муросо кардан мумкин нест».
Аз Иҷлосияи мазкур як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар тартиби ҳисоб, таъин ва пардохти нафақа тағйироте ба амал наомадааст. Бинобар ин, ҳамчун нафақахӯр хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддитар зоҳир гардад ва он ҳар чӣ зудтар ҳалли мусбат пайдо намояд.
Анвар УБАЙДУЛЛОЕВ, нафақахӯр, сокини ноҳияи Ашт